03:04 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Хатти баландшиддати барқ. Акс аз бойгонӣ

БИР барои иҷрои тарҳи САSA-1000 ба ҶТ $70 млн. медиҳад

© Sputnik / Владимир Федоренко
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Тибқи ин барнома (САSA-1000) бояд аз Қирғизистон ба Тоҷикистон хатти баландшиддати 477-километрӣ ва аз Тоҷикистон ба Покистон (аз тариқи қаламрави Афғонистон) хатти барқи 750-километрӣ кашида шавад.

Душанбе, 12 окт — Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои тарҳи CASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон дар назар дорад, 70 миллион доллари дигар қарз гирифт, омадааст дар иттилоъияи Вазорати молияи ҶТ.

Дар асоси созишномае, ки миёни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ба имзо расид, ин муассисаи молӣ барои кашидани хатти баландшиддати барқ аз Тоҷикистон то ба Покистон 70 миллион доллар қарз ҷудо мекунад.

Ба иттилоъи манбаъ, созишномаи қарзӣ охири ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва раиси Бонки Исломии Рушд Аҳмад Алӣ Муҳаммад дар шаҳри Лима, пойтахти Перу ба имзо расидааст.

Ҷиҳати иҷрои ин барномаи минтақаӣ, бештар аз 1 миллиард доллар зарур аст ва ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад дар оянда ЮСАИД (Агентии рушди байналмилалии Амрико)   ва Вазорати рушди байналмилалии Британияро низ ба он ҷалб кунад.

Ҳадафи аслии пружаи САSA-1000 интиқоли нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистону Афғонистон аст, ки ҳар ду кишвар тамоми сол ба нерӯи барқ ниёз доранд.

Тибқи ин барнома бояд аз Қирғизистон ба Тоҷикистон хатти баландшиддати 477-километрӣ ва аз Тоҷикистон ба Покистон (аз тариқи қаламрави Афғонистон) хатти барқи 750-километрӣ кашида шавад.

Барои иҷрои CASA-1000 Тоҷикистон бояд 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион доллар, Афғонистон 354 миллион доллар ва Покистон 209 миллион доллар ҷалб кунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз барои иҷрои ин тарҳ бо арзиши 235 миллион доллар бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ва дигар манбаъҳо тавофуқномаҳои иқтисодӣ ба имзо расонидааст.  

Барчаспҳо:
энергетика, иҷрои барномаи минтақаи, қарзи 70 миллион долларии БИР ба ҶТ, эҳдоси хутути интиқоли барқ, хатти баландшиддати барқ, CASA-1000, Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии Рушд, БИР, Аҳмад Алӣ Муҳаммад, Абдусалом Қурбониён, Лима, Афғонистон, Покистон, Душанбе, Перу, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ