02:39 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Мулоқоти нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Шанхай, 15 декабри соли 2015

Баҳси афзоиши содироти барқ ба Афғонистон миёни Расулзода ва Абдуллоҳ

© Страница Абдулло Абдулло в Facebook
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Ба навиштаи доктор Абдуллоҳ, дар ин мулоқот ӯ ҳамроҳ бо Расулзода баъзе аз масоили марбут ба рушди равобити Кобулу Душанбе, аз ҷумла афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай бо раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот кардааст, дар ин бора дуюмӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ иттилоъ додааст.

Ба навиштаи доктор Абдуллоҳ, дар ин мулоқот ӯ ҳамроҳ бо Расулзода баъзе аз масоили марбут ба рушди равобити Кобулу Душанбе, аз ҷумла афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

"Дар бораи густариши равобити иқтисод, тиҷорӣ, тронзитӣ, беҳдошт, оғози кори Кумисиюни байниҳукуматӣ, эҷоди заминаи таҳсилоти олӣ барои муҳассилини афғон, афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва шуруи кори амалии пружаи CASA-1000 баҳс ва табодули назар сурат гирифт", — навиштааст раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон дар саҳифаи Фейсбуки худ.

Ин мулоқот дар ҳолест, ки ахиран сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имом ба хотири равшан кардани мавқеи Душанбеи расмӣ дар робита ба таҳаввулоти ахири шимоли Афғонистон бо раиси иҷроияи ҳукумати ин кишвар мулоқот карда буд.

Шарофиддин Имом дар бораи таҳаввулоти ахири амниятӣ дар шимоли Афғонистон, вазъияти иқтисодӣ ва тронзитӣ миёни Афғонистону Тоҷикистон ва тамдиди роҳи оҳан миёни ду кишвари ҳамсоя дидгоҳҳои Душанбеи расмиро равшан карда буд.

Ҷаноби Абдуллоҳ дар навбати худ таъкид кард, ки мавзӯъҳои иқтисодии мавриди баҳси ин мулоқот дар ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои вазирони Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд.

Афғонистон яке аз чаҳор кишваре мебошад, ки Тоҷикистон бо он марзи муштарак дорад ва дарозии хатти сарҳади ин ду кишвари ҳамсоя 1 ҳазору 370 километрро ташкил медиҳад. Тайи чанд моҳи ахир вазъ дар шимоли Афғонистон, аниқтараш манотиқи назди марзии Тоҷикистон ноустувор мебошад, ки ин масъала боиси коҳиши табодули коло миёни ду кишвари ҳамсоя шудааст.

Барчаспҳо:
тамдиди роҳи оҳан, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, байниҳукуматӣ, тронзитӣ, мулоқот, CASA-1000, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Қоҳир Расулзода, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ