Дар НБО-и Норак дастгоҳи элигазии 500 кВ ба кор даромад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаҶаласаи ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз 8 апрели соли 2016
Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз 8 апрели соли 2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳур аснои шиносоӣ аз сифати корҳои сохтмонӣ ва имконоту шароити таълимии мактаб изҳори қаноатмандӣ намуда, аз амали неки соҳибкори маҳаллӣ барои саҳмгузории фаъол дар раванди бунёдкорию ободонӣ ситоиш кардааст.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Неругоҳи барқи обии Норак дидан карда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ — дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.

Сохтмони бинои дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ-и НОБ-и "Норак" соли 2012 оғоз ёфта буд. Масоҳати ҷойгиршавии дастгоҳ, ки дар солҳои аввали баистифодадиҳии ин иншоот 4,5 гектарро ташкил медод, айни замон ҳамагӣ дар 0,10 сотих замин ҷойгир карда шудааст. Ба ғайр аз сарфаи масоҳати замин, инчунин ин таҷҳизот дигар афзалиятҳоро доро мебошад, ки ин аз эътимодияти баланд ва кафолати тӯлонии 25- сола иборат аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд корхонаи сементбарориро ифтитоҳ кард

Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ бо маблағгузории Бунёди Рушди Осиё ба маблағи 54 миллиону 770 ҳазор доллари амрикоӣ аз тарафи ширкати олмонии "Алстом" сохта шудааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, 27 апрел бо як боздиди корӣ ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон рафта, бо буридани лентаи рамзии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти Дӯконӣ сафарашро оғоз бахшид.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, мактаб бо харҷи 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Табаров бунёд гардида аз ду ошёна ва 14 синфхонаи таълимӣ иборат аст.

"Дар ин муассисаи таълимии навбунёд 240 нафар толибилм дар як баст ба таълим фаро гирифта шуда синфхонаҳои барҳавои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, маркази ҳунаромӯзии духтарон, синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳ ва ошхонаи замонавӣ дорад",- меафзояд сарчашма.

Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз сифати корҳои сохтмонӣ ва имконоту шароити таълимии мактаб изҳори қаноатмандӣ намуда, аз амали неки соҳибкор Муҳиддин Табаров барои саҳмгузории фаъол дар раванди бунёдкорию ободонӣ ситоиш кардааст

Лентаи хабарҳо
0