14:39 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
68 0 0

Имрӯз президенит Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд” иштирок кард

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни маросии оғози татбиқи лоиҳа қайд кард, ки тамоми  ҷараёни омодагӣ барои оғози лоиҳа ба талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президентии ҶТ.

Президенти мамлакат зимни суханронӣ қайд кард, ки нерӯгоҳи барқи обии "Сарбанд" бо иқтидори лоиҳавии 240 мегаватт чорумин иншооти калони энергетикии кишвар мебошад. Ин нерӯгоҳ солҳои 60 — уми асри гузашта аз ҷумлаи  калонтарин иншооти барқии минтақа ба шумор мерафт.

Ба гуфти расиҷумҳур дар нерӯгоҳи мазкур аз ҳамон вақт то имрӯз, яъне дар давоми қариб шаст сол ба ҷуз аз таҷдиди як агрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду азнавсозӣ анҷом дода нашудаанд ва дар шароити кунунӣ иқтидорҳои дастраси он ба 160 мегаватт баробар мебошанд.

Корҳои таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳ аз тарафи яке аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин — ширкати "Синохайдро" бо дастгирии Бонки Осиёи рушд  амалӣ гардида, тибқи қарордод дар зарфи чор сол ба анҷом расонида мешаванд.

"Хотирнишон менамоям, ки тамоми ҷараёни омодагӣ барои оғози лоиҳа ва татбиқи минбаъдаи он ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад",-гуфт президент.

Мувофиқи созишнома лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, дар даври  якуми он пурра иваз кардани 3 агрегат, қисман барқарор сохтани 2 агрегат, иваз намудани 2 трансформатор, бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд ва дар қисмати дуюми лоиҳа таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 киловолта пешбинӣ гардидааст.

Дар фарҷоми суханронӣ президенти Тоҷикистон ба Бонки Осиёии Рушд изҳори сипос намуда, ба муҳандисону сохтмончиён, барқчиён ва ҳамаи онҳое, ки дар таҷдиду барқарорсозии иншооти муҳим саҳм мегузоранд, саломативу сарбаландӣ орзу кард.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон: камбуди нерӯи барқ мушкилоти №1 дар Тоҷикистон аст
Дар Тоҷикистон маҳдудияти қувваи барқ ҷорӣ шуд
Дар Тоҷикистон қувваи барқ нест: ё садама дар хати барқи 500 ё дар Роғун
Барчаспҳо:
суханронии президент, нерӯгоҳи "Сабранд", Бонки Осиёии Рушд, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ