00:23 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.51
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
158 0 0

Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo) Пиетро Салинӣ ояндаи нерӯгоҳи барқи обии Роғунро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ширкати "Салини Импреҷило" дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Роғун мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Манбаъ мегӯяд, ки ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳо ва рафти маблағгузории сохтмон табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавӣ ва масъалаҳои вобаста ба молия ва сармоягузориро аз омилҳои асосии пешравии кор дар сохтмони сарбанди неругоҳ арзёбӣ намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки аз ҷониби ширкати "Салини Импреҷило" ҳамчун ширкати боэътимод ва пешрафтаи байналмилалӣ, ки дар сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун иштирок менамояд, барои иҷрои корҳои лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, камбудию мушкилоти ҷойдошта дар ин самт саривақт бартараф карда мешавад.

Сохтмони нерӯгоҳи Роғун. Акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дар мулоқот дигар мавзуҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ва ҷалби ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон муҳокима гардид.

Ёдовар мешавем, ки ширкати итолиёвии Salini Impregilo S.p. санаи 27-уми июни соли 2016 ғолиби озмуни байналмиллалӣ барои сохтмони Роғун шуда буд. Он замон гуфта шуд, ки агрегати аввали нерӯгоҳ соли 2018 ба кор медарояд.

Коршиносони байналмиллалӣ қайд менамоянд, ки бо мақсади манфиатҳои иқтисодӣ сохтани сарбанди 330 метрӣ ба манфиати кор буда, имкон медиҳад НБО-и Роғун дар як соат 3600 мегаватт нерӯи барқ истеҳсол намояд. Бо чунин иқтидор нерӯгоҳ метавонад то 115 сол ба Тоҷикистон хизмат расонад.

Илова бар ин нерӯгоҳи Роғун метавонад дар Осиёи Марказӣ яке аз манбаъи асосии содироти нерӯи барқ гардад. Лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки имсол ба кори худ шурӯъ кард, ҳамчунин интиқоли нерӯи барқ аз Роғунро дар назар дорад.

Мавзуъ

Тоҷикистон дар сохтмони НБО Роғун бе маблағгузории арабҳо наметавонад
Бонки АвруОсиё дар барқарорсозии НБО Роғун маблағгузорӣ мекунад
НБО Роғун: Аз нишондодҳо то ба далелҳо
Эмомали Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар “Роғун” шинос шуд
Барчаспҳо:
НБО Роғун, маблағгузорӣ, муҳокима, "Салини Импреҷило", Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ