10:01 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
10910

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бозсозии марҳилаи аввали нерӯгоҳи барқобии "Норак" аз Анҷумани тавсеъаи байналмилал грант ва эътибор дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ ва грант барои тарҳи "Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1" миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани тавсеъаи байналмилалро (International Development Association) тасвиб кард.

Бино бар ин созишнома, IDA ба Тоҷикистон 225 милюн дулор сармоя хоҳад дод, ки 57 милюн дулор аз он грант ва бақия эътибори имтиёзнок аст.

Ба гузориши равобити умумии МН, ин Созишномаро дар нишасти Маҷлиси намояндагон вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонзода ва вакил Дилрабо Мансурӣ тавзеҳ додаву гуфтаанд, ки бозсозии НБО "Норак" бо дастгирии молии Бонки ҷаҳонӣ ва Имконсанҷии фанниву иқтисодии нерӯгоҳ ва эминии сарбанд аз ҷониби ширкати фаронсавии "Tranctebel Engineering" таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Дар чорчӯби иҷрои тарҳ, тибқи талаботи Бонки ҷаҳонӣ ширкати мушовира интихоб шуда ва ширкати "Барқи Тоҷик" бо ширкати мушовирии "STUCKY" (Швейсария) шартнома имзо кардааст.

Ҳамакнун ҷараёни озмун барои интихоби ширкати паймонкор барои навсозии дастгоҳҳои асосии нерӯгоҳ идома дорад. 24 ноябр дар ин озмун ширкатҳои "ANDRITZ HYDRO GmbH" (Австрия), "Voith Hydro GmbH&Co.KG" (Австрия) ва ширкати "General Electric Hydro" (Фаронса) ширкат карданд. Арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ идома доранд.

Созишномаи ҳукуматии имтиёзию қарзӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Содироту Воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой-ро ба вакилони Маҷлиси намояндагон вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон Нидозода Ҳусейн баррасӣ намуда иброз намуданд, ки мақсади лоиҳаи мазкур ба системаи ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ пайваст намудани НБО Роғун мебошад.

Мувофиқи лоиҳа дар ду хати интиқоли барқии алоҳидаи 500 кВ 466 адад такягоҳ насб мегардад. Дарозии ҳар як хати интиқоли барқи  мазкур 100 км ташкил медиҳад.

Сохтмони хатҳои интиқоли барқии мазкур дар ҳудуди шаҳру  ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод ва Роғун ба нақша гирифта шудааст. Хатҳои интиқоли барқӣ 500кВ зеристгоҳи "Душанбе-500"-ро ба НБО Роғун пайваст менамояд.

Дар зеристгоҳи "Душанбе-500" мувофиқи лоиҳа таҷҳизотҳои иловагии барқӣ васлу насб мегарданд.

Нақшаи роҳрав ва ҷобаҷогузории такягоҳҳои хати интиқоли барқи мазкур аз ҷониби мутахассисони Донишкадаи лоиҳакашии энергетикии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин омода карда шуда, ба ШСХК «Барқи Тоҷик» барои мувофиқа пешниҳод гардидааст.

Мавзуъ

Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё Тоҷикистонро дар навинсозии НБО “Норак” ёрӣ мерасонад
Туркия ба нерӯгоҳи Норак трансформатори 214 тонна овард
Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқобии Норак ва Қайроққумро бозсозӣ мекунад
Барчаспҳо:
нерӯгоҳсозӣ, НБО Норак, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ