Тоҷикистон ва Олмон дар Мурғоб нерӯгоҳи барқии "Оқсу"-ро месозанд

© Sputnik / Селезнёв / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередач ГЭС. Фото из архива.
Линии электропередач ГЭС. Фото из архива. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯгоҳи хурди барқобии "Оқсу" дар ноҳияи Мурғоб дар тобистони соли оянда ба баҳрабардорӣ хоҳад расид

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ин матлабро Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон, дирӯз дар нишасти Маҷлиси намояндагон гуфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

"Нерӯгоҳи хурди барқобии "Оқсу" дар ноҳияи Мурғоб дар моҳи июли соли 2018 ба баҳрабардорӣ хоҳад расид. Тарҳи сохтусози ин нерӯгоҳро Ҳукумати Олмон аз тариқи бонки KfW сармоягузорӣ мекунад", — гуфтааст Усмоналӣ Усмонзода.

Бар асоси тарҳи муқаддимотӣ, ки ҳазинааш 4 млн евро баровард шуда буд, ин нерӯгоҳ пас аз расидан ба баҳрабардорӣ бояд зарфияти тавлиди 800 киловатт/соат барқро медошт.

Вале, сармоягузори олмонӣ пас аз баррасии дубораи тарҳ тасмим гирифта, ки зарфияти нерӯгоҳ то 1,4 ҳазор киловатт/соат афзоиш дода шавад. Аз ин рӯ, бонки KfW (Kreditanstalt für Wiederaufbau) 7 млн евро бар ҳазинаи иҷрои тарҳ афзудааст.

Сохтусози ин нерӯгоҳ дар ҳоле сурат мегирад, ки ба гуфтаи вазири нерӯву об, дар Тоҷикистон аз 283 нерӯгоҳи хурди барқобӣ 90-тояшон кор намекунад.

Лентаи хабарҳо
0