Шаҳрдории Хуҷанд далели гарон шудани нархи барқро тавзеҳ дод

© Sputnik / Амир ИсаевСчетчики электроэнергии. Архивное фото
Счетчики электроэнергии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мудири Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд дар посух ба шикоятҳои масрафкунандагон далоили гарон шудани нархи барқро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдории Хуҷанд, мудири Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки яке аз омилҳои асосии гарон шудани нарх афзоиши масрафи нерӯи барқ дар паи сард шудани ҳаво дар поёни соли 2017 аст.

“Бошандагони шаҳри Хуҷанд дар моҳи декабри соли 2016 47 млн кВт/соат барқ ба арзиши 6 млн 887 ҳазор сомонӣ масраф карда буданд. Вале дар моҳи декабри соли 2017 ин рақам ба 52 млн кВт/соат қувваи барқ ба арзиши 8 млн 903 ҳазор сомонӣ расидааст. Афзун бар ин, аз моҳи октябри соли 2017 нархи ҳар КВТ/соат барқ 15 дарсад афзоиш ёфта буд. Яъне дар як сол ин рақам 2,1 млн сомонӣ бештар шудааст”, — гузориш дод Рустам Пӯлодов.

Вай афзуд, ки Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд сомонаи худкори муҳосибаи масрафи нерӯи барқро ба кор мебарад, ки миқдору арзиши барқи масрафшударо дақиқ ҳисоб мекунад. Ҳарчанд масрафкунанда наметавонад додаҳои ин сомонаро дасткорӣ кунад, вале мавориде ҳам дида шуда, ки бархе аз масрафкунандагон ҳисобгарашонро ба хатти дигарон пайваст кардаанд.

Ба гуфтаи вай, беш аз 500 масрафкунанда дар рӯзҳои 8 – 11 январ ба Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд аз гаронии нархи барқ 216 шикоятнома овардаанд, ки барои пайгирии онҳо коргурӯҳ ташкил шуд, ки манзил ба манзил гашта ва ҳисобгарҳоро санҷидааст.

“Коршиносони ин коргурӯҳ муҳосиба кардаанд, ки дастгоҳи обгармкун — 1,5 кВт/соат, бухории барқӣ — 2,5 кВт/соат, кондисионер — 2,5 кВт/соат, телевизор — 0,2 кВт/соат ва чароғҳо — 0,3 кВт/соат барқ масраф мекунанд, ки дар маҷмуъ 7 кВт/соат мешавад. Дар як моҳ ин рақам мешавад: 7 кВт х 10 соат х 30 рӯз х 0,1685 сомонӣ ҳар як кВт = 353,85 сомонӣ”, — гузориш додааст Пӯлодов.

Вай аз масрафкунандгон хост дар баҳрабардорӣ аз нерӯи барқ сарфакор бошанд, зеро ҳисобгарҳои рақамии нав ҳар як киловати барқи масрафшударо дақиқ ҳисоб мекунанд ва далеле барои шикоят аз Шабакаҳои барқи шаҳр ба даст намедиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0