15:58 22 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Линии электропередач, архивное фото

Тоҷикистон аз баҳор ба Узбакистон барқ содир хоҳад кард

© Sputnik / Сергей Мальгавко
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Тасмими ниҳоӣ барои барқрасонӣ аз Тоҷикистон ба Узбакистон дар раванди сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Душанбе гирифта хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Тоҷикистон омода аст аз моҳи март содироти нерӯи барқ ба Узбакистонро оғоз кунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

“Тоҷикистон омода аст аз моҳи март солиёна 1,5 милёрд киловатт соат барқ ба Узбакистон содир кунад”, — хабар медиҳад ТоҷикТА бо истинод ба манбаъе дар ҳукумати Тоҷикистон.

Ин манбаъ гуфта, ки ҳамакнун музокирот миёни Душанбеву Тошканд дар бораи мароҳили содироти барқ ва мизону арзиши он идома дорад.

Тасмими ниҳоӣ барои барқрасонӣ аз Тоҷикистон ба Узбакистон дар раванди сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Душанбе гирифта хоҳад шуд.

Пеш аз ин вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода гуфта буд, ки Тоҷикистон омода аст содироти барқ ба Узбакистонро оғоз кунад.

Душанбе ва Тошканд тасмим гирифтанд хаттҳои интиқоли барқро, ки шабакаҳои барқи ду кишварро дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон пайванд мекарданд, дубора бозсозӣ кунанд.

Бино ба омори расмӣ, Тоҷикистон метавонад тобистонҳо то 5 милёрд киловатт барқро ба кишварҳои ҳамсоя содир кунад.

Узбакистон дар соли 2009 якҷониба аз шабакаҳои муштараки барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ хориҷ шуда буд. Дар паи ин иқдом иртиботи барқии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа канда шуд ва ин кишвар бо камбуди шадиди барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дучор шуд.

Мавзуъ

"Барқи Тоҷик" ба мардуми Тоҷикистон: имсол барқрасонӣ маҳдуд намешавад
Бо Тоҷикистон: Мирзиёев роҳи оҳанеро, ки худ канда буд, барқарор мекунад
"Барқи тоҷик" аз андоз беш аз 100 миллион сомонӣ қарздор будааст
Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон бозистонд
Барчаспҳо:
барқрасонӣ, барқ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Усмоналӣ Усмонзода, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ