10:47 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
На стройке Рогунской ГЭС

Роҳандозии НБО “Роғун” раванди лойнок шудани НБО “Норак”-ро боз медорад

© Фото : Официальная страница президента РТ в Facebook
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
137 0 0

Роҳандозии нерӯгоҳи “Роғун” обанбори силсиланерӯгоҳҳои барқобии рӯди Вахшро аз оби тоза пур хоҳад кард ва онҳо низ корашонро бо тамоми нерӯву зарфият оғоз хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Бо роҳандозии навбати аввали нерӯгоҳи барқобии “Роғун” раванди лойнок шудани силсиланерӯгоҳҳои барқобии рӯди Вахш боз дошта хоҳад шуд, гуфта мешавад дар иттилоъияе, ки бахши энержии ҳукумати Тоҷикистон.

“Лойрӯбии обанбори Норак ниёз ба ҳазинаи молӣ ва замонии ҳангуфте дорад. Аммо роҳандозии нерӯгоҳи барқобии Роғун, ки обанборе ба гунҷоиши 13,3 килуметри мукааб дорад, метавонад ин мушкилро аз миён бардорад. Пас аз сохтани сарбанди НБО “Роғун” обанбори силсиланерӯгоҳҳои рӯди Вахш аз оби тоза пур хоҳад шуд”, — гуфт мешавад дар ин иттилоъия.

Бино бар ин иттилоъия, пас аз роҳандозии нерӯгоҳи “Роғун” обанбори силсиланерӯгоҳҳои барқобии рӯди Вахшро аз оби тоза пур хоҳад шуд ва онҳо низ корашонро бо тамоми нерӯву зарфият оғоз хоҳанд кард.

Коршиносон пештар чанд роҳу равиш барои пешгирӣ аз лойнок шудани обанбори силсиланерӯгоҳҳои рӯди Вахш пешниҳод карда буданд. Чунончи, яке аз онҳо пайдо кардани сармоягузорон ва шитоб додани сохтусози нерӯгоҳҳо дар рӯдҳои Сурхоб ва Хингоб буд, то лой аз онҳо камтар дар ин обанбор таҳшин шавад.

Бино ба бароварди Вазорати энержии Тоҷикистон, навсозии комили нерӯгоҳи “Норак” 10 сол замон ва 700 милюн дулор ҳазина ниёз дорад.

Мавзуъ

Дар сохтмони "Роғун" чор тан ҷони худро аз даст додаанд
Раҳмон бо роҳбари ширкати "Салини Импреҷило" сохтусози "Роғун"-ро баррасӣ кард
Пизишкон "фишори хуни" созандагони нерӯгоҳи Роғунро санҷиданд
Бо вуҷуди мушкилот: дастгоҳи аввали Роғун имсол ба истифода дода мешавад
Барчаспҳо:
нерӯгоҳи барқобии Роғун, лойрӯбӣ, лойнок, вазорати энержӣ ва захойири оби Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ