14:58 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
7010

Тоҷикистон аз тариқи содироти барқ дар бозсозии Афғонистон мушорикат мекунад, гуфт раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо дабири кулли Созмони милали муттаҳид Антонио Гутерреш

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Антонио Гутерреш дар ҳошияи барномаи оғози Даҳаи байналмилалии иқдоми "Об барои тавсеъаи пойдор дар солҳои 2018 – 2028" дар Ню-Йорк баргузор шуд, хабар медиҳад вебгоҳи расмии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар ин дидор масоили Афғонистон ва мубориза бо теруризм, ифротагроӣ, қочоқи маводи мухаддир ва роҳкорҳои барқарории сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳамчунин баҳрабардории самарабахш аз обу барқ ба суди мардуми Тоҷикистон ва минтақа баррасӣ шуданд.

"Тоҷикистон дар бозсозии иқтисодии Афғонистон аз роҳи пайвастани бузургроҳҳо ва шабакаҳои барқи ду кишвар бо якдигар мушорикат мекунад", — гуфт раисҷумҳур Раҳмон.

Вай ҳамчунин аз дабири кулли СММ барои пуштибонӣ аз барномаҳои Тоҷикистон дар заминаи об сипосгузорӣ карда ва гуфта, ки Тоҷикистон дар чорчӯби иҷрои иқдомоти СММ дар масъалаи об, 20 – 22 июни имсол дар Душанбе Ҳамоиши байналмилалии баррасии масоили обро баргузор мекунад.

Дабири кулли СММ дар ин дидор гуфта, ки нигарониҳои Тоҷикистон аз вазъ дар Афғонистон, густариши теруризм ва қочоқи маводи мухаддир ва тиҷорати инсонро худ дарк мекунад.

Барчаспҳо:
энержӣ, барқ, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ