13:30 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
4710

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон қаноатманд аст

ДУШАНБЕ, 30 май— Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон генерали артиш Зубайр Маҳмуд Ҳаёт дидору мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар мулоқот маҷмуъи васеи масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии кишварҳо баррасӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳо, ки бо талошҳои сарони давлатҳо мазмуну муҳтавои тоза касб менамоянд, изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаро дар самти муборизаи муштарак бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ муҳокима кардаанд.

Густариши робитаҳои сохторҳои амниятии Тоҷикистону Покистон дар бахши амнияту мудофиа, ҳамкории низомию техникии кишварҳо баҳри ҳалли мушкилоти минтақавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли вазъи низомиву сиёсӣ дар Афғонистон, муҳим арзёбӣ гардидааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо оид ба рафти татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи "САSA-1000" ва истифодаи имкониятҳои фарохи гидроэнергетикии Тоҷикистон табодули андеша кардаанд.

Барчаспҳо:
дидору мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Покистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ