02:14 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
242 0 0

Бар ивази сохтмони нерӯгоҳи Роғун Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон бозсозии нирӯгоҳи барқи обии Норакро маблағгузорӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тоҷикистон дар сохтмони "Роғун" дигар аз сармояи Бонки ҷаҳонӣ истифода намекунад, иттилоъ медиҳад Reuters.

Манбаъ ёдрас мешавд, ки соли гузашта Тоҷикистон аввалин евробондҳояшро ба маблағи 500 миллион доллар барои ҷамъоварии сармоя барои сохтмони нирӯгоҳи Роғунро ба фӯруш бароварда буд.

Ба гуфтаи муовинии раиси  Бонки Ҷаҳонӣ Сирила Мюллер, ҳамин тавр бонк аҳамияти худро барои бозсозии дигар нирӯгоҳи барқи обии бузурги Тоҷикистон равона кардааст.

"Мо сохтмони нирӯгоҳи Роғунро барои он маблағгузорӣ нахоҳем кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони ин иншоот чанд роҳи дигар дошт. Тоҷикистон мехост, ин равандро ҳарчӣ зудтар анҷом диҳад. Ба ҳамин хотир Бонки Ҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки дигар барномаи энержии кишварро сармоягузорӣ кунад", — гуфтааст вай.

Мюлер афзудааст, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бозсозии нирӯгоҳи Норакро сармоягузорӣ кунад.

Интизор меравад, ки агрегати аввалин Роғун моҳи декабри соли 2018 омодаи кор шавад. Сирил Мюлер ҳамчунин таъкид кардааст, ки беҳтар шудани ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон барои содироти нирӯи барқ имкониятҳои хуб фароҳам меорад.

Барчаспҳо:
нирӯгоҳ, барқи обӣ, об, НБО, Роғун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ