17:25 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Александр Сергеевич Фролов
© Foto фото из личного архива Александра Фролова

Фролов: Қазоқистон имконияти фурӯхтани бензини босифатро надорад

Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
10020

Дар бораи оё метавонад Қазоқистон ҷойгузини Русия дар бозори бензини Осиёи Марказӣ шавад, фикру мулоҳизаҳои худро Муовини раиси пажуҳишгоҳи энержии миллӣ Александр Фролов баён намуд

Қазоқистон тасмим гирифтааст, ба Тоҷикистон бензин таҳвил кунад. Мутахассис дар соҳаи захираҳои энержӣ Александр Фролов дар бораи мушкилоти иҷро намудани ин барнома, фикри худро баён намудааст.

Коршинос таъкид кардааст, ки дар коркарди маҳсулоти нафт дар Қазоқистон ширкатҳои русӣ аз ҷумла "Газпром нефт" низ ширкат доранд.

"Пештар дар ин масъала Қазоқистону Русия баҳс ҳам доштанд" — гуфт Александр Фролов.

Вай таъкид кард, ки сифати сӯзишвории Қазоқистон нисбат ба Русия пастар мебошад.

Коршинос афзуд, ки ҳаҷми хариду фурӯши бензин дар бозорҳо пешакӣ ва бо созишномаҳо муайян мешавад.

"Қазоқистон наметавонад бо хоҳиши худаш бензинашро ба ҳар касе хоҳад фурӯшад", гуфт Александ Фролов.

Вай таъкид кард, ки ба Қазоқистон ҳеҷ кас барои фурӯхтани сузишворӣ ба кишварҳои ҳамсоя халалдор нашудааст.

 

Барчаспҳо:
сузишворӣ, таҳвил, бензин, коршиносон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ