00:02 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
30210

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 26 июл бо масъулони нерӯгоҳи "Роғун" ва фаъолони шаҳри Роғун машварати корӣ доир кард

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз баргузории машваратро натиҷагирӣ аз корҳои иҷрошуда ва омодагӣ барои ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар соли 2018 мебошад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи шунидани гузоришҳои масъулин, дастур додааст, ки сифати корҳои сохтмонӣ ва сарфи маблағҳои буҷетӣ таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти неругоҳ муваззаф шудаанд, ки барои ба истифода додани навбати аввали Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар тирамоҳи соли ҷорӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур додааст, ки барои шинонидани дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ қад қади шоҳроҳи Ваҳдат то шаҳри Роғун ситоди ҷумҳуриявии ободонию кабудизоркунӣ таъсис дода шавад.

 

Мавзуъ

Насиҳати Эмомалӣ Раҳмон дар сарбанди "Роғун": ин ҷузъи асосии нерӯгоҳ аст
Барчаспҳо:
нерӯгоҳи барқобии Роғун, машварати корӣ, Президент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ