02:22 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
628 0 0

Сокинони навоҳии Тоҷикистон мегӯянд, як ҳафта боз нерӯи барқро тариқи маҳдудият мегиранд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд, ки рӯзҳои охир ҳудуди 9-10 соат дар як шабонарӯз барқ мегиранд.

“Шаб барқро соати 11 мекушанд, саҳар соати 5-и субҳ медиҳанд. Рӯзона бошад соати 8-и субҳ мекушанд, соати 5-и бегоҳ медиҳанд. Ин ҳолат қариб як ҳафта идома дорад”, - иттилоъ доданд сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар майдони сохтмони Роғун
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Масъулини барқи ноҳияи Рӯдакӣ бо тасдиқи қатъи интиқоли барқ барои сокинон изҳор доштаанд, ки ин ҳолат дар навоҳии дигар низ ҷой дорад. Онҳо далели қатъи интиқоли барқро барои сокинон ба таъмири шабакаҳою дастгоҳҳо ва инчунин ба зарурати  захираи об барои оғози кори нерӯгоҳи “Роғун” рабт додаанд.

Фаъолшавии чархаи якуми нерӯгоҳи "Роғун"  шоми 16-уми ноябр дар назар аст. Қаблан Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, бо тасдиқи фаъолшавии чархаи "Роғун" дар Рӯзи Президент изҳор дошта буд, ки чархаи аввали нерӯгоҳ, ки дар марҳилаи аввал ҳамагӣ 100 МВт иқтидор дорад, барои таъмини пурраи Тоҷикистон бо барқ ҳанӯз кофӣ нахоҳад буд.  Ӯ  афзуд, ки чархаи дуюми нерӯгоҳи "Роғун" моҳи апрели соли 2019 ва охирон соли 2028 ба кор оғоз мекунад.

Барчаспҳо:
лимити барқ, маҳдудият, қатъ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ