23:50 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
ЛЭП. Архивное фото

Покистон мехоҳад тариқи лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистон қувваи барқ интиқол диҳад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
235 0 0

Покистон мехоҳад ба созишномаи CASA-1000 банди нав, яъне истеҳсоли қувваи барқ ба Тоҷикистонро илова кунад

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Покистон мехоҳад дар чаҳорчубаи лоиҳаи CASA-1000 дар фасли зимистон ба Тоҷикистон интиқоли қувваи барқро ба роҳ монад, навиштааст рӯзномаи The News International бо истинод ба манбаъҳои Вазорати захираҳои обӣ ва энержии кишвар.

Қайд шудааст, ки Покистон тасмим гирифтааст ба созишномаи лоиҳаи CASA-1000 банди нав дар бораи аз Покистон ба Тоҷикистон интиқол додани қувваи барқро илова кунад. Тарафи Покистон мехоҳад ин масъаларо бо Тоҷикистон баррасӣ намояд.

Чанде пеш тарафҳо созишномаеро ба имзо расонида буданд, ки мувофиқи он аз моҳи май то сентябр Тоҷикистон ба Покистон бо арзиши 9 сент (1 киловат) қувваи барқ истеҳсол хоҳад кард.

Дар Вазорати захираҳои обӣ ва энержии Покистон қайд кардаанд, ки зимистон талаботи аҳолӣ ба қувваи барқ камтар мешавад, барои ҳамин Исломобод мехоҳад барқи зиёдатиро баракс дар ҳолатҳои норасоӣ ба Тоҷикистон интиқол диҳад.  

“Агар Покистон ҳуқуқи интиқоли қувваи барқро бо иқтидори 1000 МВт/с бо арзиши 9 сент ба даст орад дар ҳарду кишвар талафоти молӣ ба сифр баробар мешавад. Чунки Покистон дар фасли гармо қувваи барқро қабул мекунад ва дар фасли сармо онро баракс бар мегардонад”, тавзеҳ додаанд дар муассиса.

 Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 барои интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст ва сохтмонаш идома дорад.

Тахминан 70% интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон дар назар аст. Мувофиқи созишномаи тарафайн дар чаҳорчубаи CASA-1000 ба Афғонистон ва Покистон то 5 миллиард кВт/с қувваи барқ интиқол меёбад.

 

Барчаспҳо:
CASA-1000, қувваи барқ, Покистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ