17:42 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Спичка, архивное фото

Сокинони пойтахт дар фасли сармо боз бебарқ мемонанд

CC0 / Pixabay
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
212 0 0

Бино бар корҳои таъмирӣ дар дар як қисми кӯчаҳои шаҳри Душанбе интиқоли барқ муваққатан қатъ мегардад

ДУШАНБЕ, 26 фев— Sputnik. Бо сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ имрӯз, 26 феврал аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми  кӯчаҳои шаҳри Душанбе интиқоли барқ  муваққатан қатъ карда мешавад.

“Барқ аз соати 09:00 то 16:00 ба вақти маҳаллӣ хомӯш карда мешавад”, - омадааст дар гузориши шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар кӯчаҳои Шарқ, Меҳнат, Турсунзода, Парвина, М.Миршакар, Радишева, Заргар, Фарҳад, З.Нозим, Лутфӣ, Пролетарская, Гагарин, Ҳамзаалиев, Фучика, Мунзим, Есенин, Хатлон, Чайковский, Испечак-1, маҳалаҳои Қазоқон, Армуғон, Лучоби боло ва поён, Чағатай ва Маърифатӣ. интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад.

"Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда интиқол дода мешавад", -менависад манбаъ дар истинод ба "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе".

Ёдрас мешавем, ки имсол корҳои таъмирию профилактикӣ  маҳз дар шаҳри Душанбе кам набуданд ва сокинони пойтахт дар фасли сармо аз саҳар то қариб бегоҳ аз рӯшнои маҳрум карда мешуданд.

 

Барчаспҳо:
қувваи барқ, пойтахт, Душанбе, бебарқӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ