04:10 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қатъи тавлиди барқ дар “Роғун” ва сафари сарвазир ба нерӯгоҳ

© Sputnik / Сергей Субботин
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
3532 0 0

Тавлиди барқ дар нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мутаваққиф шуда, сатҳи оби обанбори он поин оварда шудааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Масъулини НБО “Роғун” ин амалро раванди муқаррарии профилактикӣ гуфта, тасдиқ карданд, ки дар ҳоли ҳозир тавлиди барқ дар нерӯгоҳ мутаваққиф шудааст.

“Ин кори муқаррарии профилактикӣ аст. Вақте оби обанбор то нуқтаи муайян пур мешавад, раванди кор мушоҳида мешавад. Баъдан корҳои иловагие, ки заруранд анҷом дода мешаванд, норасоиҳои ҷузъие, ки ошкор мешаванд бартараф мегарданд”, - изҳор доштанд ба  Sputnik дар ҶСК “Роғун”.

Мусоҳиби  Sputnik  рӯзи 1 март таъкид кард, ки корҳо дар “Роғун” тибқи нақша ва зери назорати роҳбарияти кишвар идома доранд ва Қоҳир Расулзода, сарвазири  Тоҷикистон дар майдони нерӯгоҳ қарор дорад.  

“Тамоми раванди кор зери назорати ҷиддӣ аст”, - таъкид кард мусоҳиби Sputnik.

Ӯ афзуд, ки баъди анҷоми корҳои иловагӣ оби обанбор то сатҳи зарурӣ боз пур карда мешавад ва интизор меравад, ки моҳи апрел чархаи дуюми нерӯгоҳ мавриди истифода қарор дода шавад.

НБО Роғун бо рақам
© Sputnik / Асылбек уулу Данияр

Чархаи якуми НБО “Роғун” 16 ноябри соли 2018 фаъол карда шуд.

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин - Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17,1 млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.

Мавзӯъҳои асосӣ