Раисиҷумҳур сармуҳандис дар “Роғун”-ро аз вазифа озод кард

© Фото : Аз равобити умумии БМТБоздид аз раванди сохтусози Роғун
Боздид аз раванди сохтусози Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат Раҷабзода Иброҳим Кабутро аз мақоми сармуҳандиси Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” озод кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҷабзода, ки инчунин мақоми муовини якуми директори муассисаи мазкурро ба уҳда доштааст, бо сабаби баромадан ба нафақа аз ин вазифаҳо озод гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон 3 узви собиқадори тимашро ба нафақа фиристод: ҷойи онҳоро кӣ гирифт?

Инчунин бо амри раисиҷумҳур, Савзаалӣ Назирзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон озод шуд.

Барканории сармуҳандиси Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар ҳолест, ки феълан ин нерӯгоҳ корҳои профилактикӣ ҷараён доранд.

Ба иттилои манобеи Sputnik тавлиди барқ дар нерӯгоҳ мутаваққиф шуда, оби обанбор поин бурда шудааст. Масъулин ин амалро ба зарурати анҷоми корҳои профилактикӣ рабт доданд.

Лентаи хабарҳо
0