Наздики 40 кӯчаю маҳаллаи 4 ноҳияи Душанбе бебарқ мемонанд

© Pixabay / Bru-nOЛампы, архивное фото
Лампы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” аз мутаваққиф шудани интиқоли барқ ба наздики 40 кӯчаю маҳаллаҳои 4 ноҳияи пойтахт хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Тибқи иттилоияи ин ниҳод, 5 март аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми  кӯчаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино интиқоли барқ  муваққатан қатъ карда мешавад.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти мақомдори Кумитаи замин барои гирифтани 3 ҳазор сомонӣ пора

Аз ҷумла дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ интиқоли барқ дар кӯчаҳои Шевченко, Ҳ.Назаров, Қаҳҳоров, Бухоро, Чапаев, Шероз, М.Турсунзода, Шарқ, Меҳнат, Заҳматобод, маҳаллаҳои Даҳана, Ҷангалак, Дашти Ҳарзо ва Навобод қатъ мегардад.

Тайи ин муддат кӯчаҳои Ҳусейнзода, Нарзиқулов, А.Раҷабовҳо, Титов, Савдо, Улуғбек, маҳаллаҳои Қаротегин, Баҳорӣ, Чинори Эмом, Камолаи ноҳияи Шоҳмансур низ бебарқ мемонанд.

Инчунин интиқоли барқ ба кӯчаҳои Есенин, Фучик, маҳаллаҳои Крупская, Гулбутта, Сомони ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Гипрозем, Юсуф Вафо, Нахимов, Лолазор, Балъамӣ, Матуншенко, Фурӯзон, Навобод ва Меҳрободи ноҳияи Сино қатъ карда мешавад.

Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе таъкид кардаанд, ки вобаста ба ҳаҷми корҳои профилактикӣ эҳтимол дорад, таъминоти барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда барқарор карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0