Кадом кӯчаҳои Душанбе бебарқ мемонанд?

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи, архивное фото
Линии электропередачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таъмиру тармим дар бархе аз кӯчаҳои пойтахт гузаронида шуда, нерӯи барқ то соати 16 маҳдуд мегардад

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Рӯзи душанбе, 18 март чанде аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бе нерӯи барқ мемонад. Дар ин бора оҷонсии хабарии ТОҷик.ТА хабар медиҳад.

Ба иттилои оҷонсӣ, интиқоли барқ ба далели баргузории корҳои таъмиру навсозӣ дар хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо пас аз сарбории зербино дар мавсими зимистон, маҳдуд мешавад.

"Интиқоли нерӯи барқ аз соати 09:00 то 16:00, рӯзи 18 март ба қисмати зиёди кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри шаҳри Душанбе маҳдуд мешавад",-омадаст дар хабарнома.

Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
"Роғун" тайи якуним моҳ 100 миллион кВт. соат нерӯи барқ тавлид кард

Дар тӯли ин соатҳо нерӯи барқ ба кӯчаву маҳаллҳои Зебуннисо, Чиноро, Назаршоев, С. Айнӣ, Ҷ. Расулов, Маяковский, Якачинор, А. Ғуломов, А. Сино, С. Шерозӣ, 9 январ, Роҳи нав, микрорайонҳои: Қаротегин, Камол, Чинори Эмом, 31, 32, 33 интиқол намешавад.

Оғоз аз моҳи январ бо навбат кӯчаҳои шаҳри Душанбе бе нерӯи барқ мемонанд. Масъулини барқ чунин маҳдудиятро ба азнавсозӣ ва таъмиру тармими хатҳои интиқоли нерӯи барқ рабт медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли гузашта ҳам сокинони шаҳри Душанбе аз маҳдудияти нерӯи барқ шикоят карда буданд.

Оғоз аз 1 октябри соли 2018 арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон то 15 дарсад боло рафт.

Лентаи хабарҳо
0