13:46 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Делегация депортамента Тсзян Су Китая в Нуреке

Намояндагони Чин аз НБО “Норак” дидан карданд

© МВД РТ
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Намояндагони Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су бо тарзи фаъолият ва истеҳсоли қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намуданд

ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Намояндагони Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Суи Ҷумҳурии мардумии Чин дар доираи сафари корӣ аз Нерӯгоҳи барқии обии Норак дидан намудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи кишвар.

Онҳо ҳангоми дар ин дидор бо тарзи фаъолият ва истеҳсоли қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намуданд.

Тавре зимни ин боздид ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, Тоҷикистон аз ҷиҳати имкониятҳои истеҳсоли қувваи барқи обии аз ҷиҳати экологӣ тоза, дар арсаи байналмилалӣ дар ҷои намоён қарор дошта, дар ҳолати истифодаи пурраи чунин имкониятҳо метавонад ба яке аз истеҳсолкунандагони барҷастаи энергияи сабз мубаддал гардад. 
Чунончӣ директори Нерӯгоҳи барқии обии “Норак” ба ҳайати меҳмонон иттилоъ дод, сохтмони ин нерӯгоҳ аз соли 1961 оғоз ёфта, соли 1979 ҳамаи 9 агрегат бо иқтидори 3015 МВТ ба истифода дода шудааст. Нерӯгоҳ дар рӯдхонаи Вахш сохта шуда бо баландии 300-метраи платинаи худ дар ҷаҳон яке аз баландтарин ба ҳисоб меравад.

Барчаспҳо:
барқ, НБО Норак, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ