Иттиҳоди Аврупо барои сохтмони НБО-и "Себзор" 20 миллион евро ҷудо мекунад

CC BY-SA 4.0 / Корвин Нижегородов / Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иттиҳоди Аврупо ҷудо намудани 20 миллион евро барои татбиқи  НБО-и “Себзор”-ро тасдиқ намудааст, ки дар сурати татбиқи лоиҳаи мазкур имкон фароҳам оварда мешавад, ки шабакаҳои барқии ВМКБ пурра бо неруи барқ таъмин гарданд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бо мақсади татбиқи бунёди Неругоҳи барқии обии  “Себзор”дар ноҳияи Роштқалъа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо 20 миллион евро ҷудо мегардад, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қатъи тавлиди барқ дар “Роғун” ва сафари сарвазир ба нерӯгоҳ

Масъалаи мазкур зимни ҷаласаи 7-уми Кумитаи ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва ҷаласаи 2-юми Зеркумитаи ҳамкорӣ, ки имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб баргузор шуд, матраҳ гардид.

Манбаъ афзудааст, ки 20 миллион евро барои татбиқи  НБО-и “Себзор” тасдиқ гардида, маблағҳои грантӣ буда, дар сурати татбиқи лоиҳаи мазкур имкон фароҳам оварда мешавад, ки шабакаҳои барқии ВМКБ пурра бо неруи барқ таъмин шаванд ва низому амнияти энергетикӣ дар ин минтақа беҳтар гарданд.

“Тибқи асосноккунии техникии иқтисодии лоиҳа, ки аз ҷониби ширкати шведсиягии “Свико” омода  шудааст, дар доираи амалишавии он тахминан 220 ҳазор нафар аҳолӣ бо неруи барқ таъмин мешаванд. Ҳамзамон шароит ба миён меояд, ки неруи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир карда шавад”, — қайд кардааст сардори Раёсати тарҳрезӣ, идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои  сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода.

ГЭС в городе Сарбанде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Об намерасад: ҳудуди 100 нерӯгоҳ дар Тоҷикистон аз кор монданд

Дар ҷаласаҳои зикршуда, ҳамчунин мавзӯъҳо вобаста ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо, рушди макроиқтисодӣ ва соҳаҳо дар Тоҷикистон бо назардошти ҳамгироии минтақавӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ, энергетика ва об, сиёсати хориҷӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки татбиқи “Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон давоми солҳои 2014-2020” 251 миллион евроро дар бар мегирад. Маблағҳои мазкур барои дастгирии самти маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ ва сарҳадот равона мегарданд.

Зимни муаррифии “Барномаи нави бисёрсолаи индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2021-2027” зикр гардид, ки маблағи он нисбат ба барномаи қаблӣ бештар  буда, ба самтҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ва сарҳадот равона хоҳад шуд.

Хотиррасон менамоем, ки Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск 29-30 майи соли равон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дода буд.

Дар  доираи сафараш Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз дидан намуд.

Лентаи хабарҳо
0