Баъзе аз кӯчаҳои Душанбе боз бе барқ мемонанд: сабаб корҳои таъмирӣ

Обуна шудан
Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ дар як қисми кӯчаҳои Душанбе барқ хомуш карда мешавад

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ дар як қисми  кӯчаҳои ноҳияҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан,  аз соати 09:00 то 16:00  қатъ  карда мешавад.

Электростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қисмати зиёди кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе боз бе барқ мемонанд

Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе, пагоҳ дар кӯчаҳои Л.Н.Толстой, И.П.Павлов, Саид Носир ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  кӯчаҳои Қаҳоров, Кофарниҳон, Машъал, маҳаллаҳои Шапкина, Яккатут, Фалакон ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Н.Махсум, Шамси, Тунис, Сано, Ҳисор, Муҳаммадиев, Б.Ғафуров, Богаутдинов, маркази савдои Саодат, шаҳракҳои 82,101, 102,104-юм ноҳияи Сино қувваи барқ хомӯш карда мешавад.

Тавре манбаъ зикр намудааст, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.

Лентаи хабарҳо
0