21:39 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Нуқтаи таъмини сӯзишворӣ, акс аз бойгонӣ

Сардори Хадамот 3 ширкати ҳукмрони бозори сӯзишвории Тоҷикистонро ном бурд

CC0 / Pixabya
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
1060 0 0

Икромиддин Вализода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳудуди 88 дарсади бозори сӯзишвории кишвар дар дасти се ширкат мебошад

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вализода саҳми ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон” дар бозори сӯзишвории кишвар - 41%, ширкати “Се ганҷ” - 37 фоиз ва Ожонси захираҳои моддии Тоҷикистон каме беш аз 10 дарсадро ташкил медиҳад.

Саҳми беш аз 88 дарсадии 3 ширкат дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар маҷмуъ ба воридоти маҳсулоти нафтӣ дар кишвар 146 ширкат машғул мебошанд.

Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо таъкиди муҳимияти маҳсулоти нафтӣ ва вобастагии бахшҳои дигари ҳаёти ҷомеа ба ин навъи маҳсулот таъкид кард, ки пайваста вазъи бозорро назорат мекунанд, то ин се ширкат созиш накунанду нархи бозорро беасос боло набаранд.

Инчунин тибқи иттилои Хадамот дар бозори гази моеъ ягон ширкат мавқеи ҳукмрон надорад ва даҳҳо ширкат ба вуруди ин навъи маҳсулот машғул мебошанд.

Дар маҷмуъ ба иттилои Вализода, тайи шаш моҳи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ беш аз 238 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки аз ин 115 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 83,5 ҳазор тонна бензин ва боқимонда дигар навъи маҳсулоти нафтӣ мебошанд.

Мавзӯъҳои асосӣ