21:42 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
На стройплощадке Рогунской ГЭС

Аҳмадзода: дар Роғун ҳеҷ садамае рух надода буд, танҳо полоиш зиёдтар шуд

Пресс-служба президента Таджикистана
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
293 0 0

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон хабарҳоеро, ки гӯё садди нерӯгоҳ тахриб шудааст, қатъиян рад кард

ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон, зини нишасти матбуотӣ гуфт, ҳеҷ садамае сурат нагирифтааст, танҳо як каме полоиш дар НБО Роғун зиёдтар шудааст.

“Вай гуфт, аз ҳамон перемичкае, ки ҳоло дар НБО Роғун месозанд камтар полоиш (филтратсия) зиёд шуд”, - гуфт вай.

Вай таъкид намуд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои сементкунонии ҳамон перемичка аз ду самт идома дорад. Ҳоло полоиш ба маротиб кам шудааст.

Қарори барориши саҳмияҳои иловагии “Роғун”: 1 саҳмия – 100 сомонӣ

Ба гуфтаи Ҷамшед Аҳмадзода дар ҳоли ҳозир мақсади асоси бардоштани садди асосӣ мебошад.

“Агар садди асосиро бардорем мушкилиҳо бартараф мешаванд. Ҳоло корҳои қисмати таҳкурсии садди асосӣ идома дорад”, - таъкид намуд раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт гуфт, дар рӯзҳои ҷашни истиқлолияти давлатӣ агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии Роғун ба кор андохта мешавад.

Неругоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқ оби минтақа аст.

"Роғун" ба кор даромад

Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбини неругоҳи барқи обии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегават барқ дар сол Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

Гуфта мешавад, ки сохти ин неругоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.

Барчаспҳо:
сохтмони корхонаи полоиши нафт, садама, НБО Роғун, НБО, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ