22:46 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото

Олмон барои рушди деҳот ва сохтмони НБО-и "Себзор" 27 миллион евро ҷудо мекунад

CC BY-SA 4.0 / wikipedia / Корвин Нижегородов
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
312 0 0

Аз ин маблағ 17 миллион евро гранти он барои татбиқи тарҳии "Бунёди НБО "Себзор" пешбинӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ҳукумати Олмон барои амалигардонии тарҳҳои "Тақвияти рушди деҳот тавассути истифодаи заминҳои мутобиқгардонидашуда ва паст намудани хавфи офатҳои табиӣ" ва "Бунёди Неругоҳи барқи обии "Себзор" 27 миллион евро ҷудо менамояд.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", дар ин росто дирӯз байни Ҳукумати  Тоҷикистон ва Ҳукумати Олмон Созишномаи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019 имзо шудааст.

Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва сафири Олмон Найтхарт Хёфер-Виссинг имзо намудаанд.

Тавре иттилоъ дода мешавад, аз ин маблағ 17 млн. евро гранти он барои татбиқи лоиҳаи "Бунёди НБО "Себзор" пешбинӣ гардидааст.

Ба маълумоти манбаъ, 28-29 майи соли равон бо Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба лоиҳаи "Барқтаъминкунии деҳаҳои наздисарҳадии ВМКБ ва Хатлон" музокирот баргузор гардидааст.

Дар доираи он Бонки ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани иқтидори содиротии НБО "Себзор" ҷиҳати омода намудани Асосоноккунии техникию иқтисодии бунёди хати интиқоли барқи "Хоруғ-Ишкошим"  1,4 млн. доллар грант пешбинӣ намудааст.

Дар баробари ин, барои татбиқи лоиҳаи "Бунёди НБО "Себзор" аз ҷониби Иттиҳоди Урупо ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) низ маблағҳои грантӣ пешбинӣ гардидаанд.

Иттиҳоди Аврупо барои сохтмони НБО-и "Себзор" 20 миллион евро ҷудо мекунад

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди устувори деҳот, энергияи сабз ва  паст намудани сатҳи камбизоатии сокинони ноҳияи дурдасти Тоҷикистон, дар дарёи Шоҳдара дар ноҳияи Роштқалъа дар масофаи 15 километр дар қисми шарқии шаҳри Хоруғ Неругоҳи барқии обии  "Себзор" бунёд мешавад.

Баъди ба кор даровардани неругоҳ то 60 нафар кадрҳои соҳибихтисоси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд. Дар доираи амалишавии он тахминан 220 ҳазор нафар аҳолӣ бо неруи барқ таъмин хоҳанд шуд. Ҳамзамон шароит ба миён меояд, ки неруи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки 29 июли соли 2015 дар деҳаи Барҷангали ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии НБО "Себзор" оғоз бахшид.

Лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» бо иқтидори лоиҳавии 10 мегаватт бо истеҳсоли солонаи неруи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт дар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои барқии хурд дар давраи солҳои 2009-2020» ба нақша гирифта шудааст. Барои сохтмони неругоҳ беш аз 180 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Бо сохтмони НБО «Себзор» бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 киловолтаи «Себзор — Хоруғ» бо дарозии тақрибан 18 километр дар назар дошта шудааст, ки ин минбаъд боиси баланд шудани эътимоднокӣ ва беҳтар шудани сифати барқ дар шабакаи марказӣ хоҳад гашт.

Барчаспҳо:
ҷудо, евро, рушди бахши энержӣ, обу энержӣ, энержӣ, НБО "Себзор", Олмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ