Супориши қатъии Раҳмон барои назорат аз болои ширкатҳои хориҷӣ: таҷдиди НБО "Қайроққум"

Обуна шудан
Аснои ошноӣ бо тарҳии “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини марбутаи кишвар барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас додаааст

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Имрӯз, 23 август сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон идома ёфт.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон нахуст ба татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди Неругоҳи барқи обии "Қайроққум" оғози расмӣ бахшида, бо ҷараёни навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шудааст.

Ба раисиҷумҳур гуфтаанд, ки таҷдиди асосии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”, иншооти ёрирасон ва гидротехникии он марҳила ба марҳила сурат мегирад.

Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” иншооти гидроэнергетикии сарбанддори агрегатҳояш дар танаи дарғоти обпарто ҷойгирифта мебошад ва дар соҳили чапи маҷрои Сирдарё воқеъ аст.

Кайраккумская ГЭС Дружба народов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таҷдиду навсозии НБО “Қайроқум” моҳи май оғоз хоҳад шуд

Корҳои сохтмонии ин неругоҳ соли 1952 оғоз гардида, агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Дар маҷмӯъ неругоҳ аз 6 агрегат иборат буда, аз 20 ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият намудааст.

Бунёди ин неругоҳ ба обёрии заминҳои бекорхобида ва азхудкунии самараноки захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ибтидо гузоштааст.

Феълан дар ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ 110 нафар, аз ҷумла 20 нафар занон фаъолият дошта, шумораи ҳайати муҳандисӣ- техникии он 41 нафарро ташкил медиҳад.

Раҳмон дастур додааст, ки барои татбиқи лоиҳа ва иҷрои корҳо 80 фоиз коргарони худи Неругоҳи барқи обии "Қайроққум" ва сокинони шаҳри Гулистон ҷалб карда шаванд.

Обанбори неругоҳи “Қайроққум” ба ҳисоби иншооти мавсимӣ- танзимшаванда дохил мегардад. Ҳаҷми пурраи обанбор 3,5 миллиард мукаабро ташкил дода, ҳаҷми фоиданокии он ба 2,6 миллиард мукааб баробар аст. Масоҳати умумии обанбор ҳангоми пур шудани об то сатҳи болоии уфуқӣ 512 километри мураббаъро дар бар мегирад. Дарозии умумии сарбанди хокӣ ва бетонии неругоҳ 1300 метрро ташкил дода, фишори об ба иншооти гидротехникӣ ба 24 метр баробар мебошад.

Истеҳсоли солонаи неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ба ҳисоби миёна 600 — 650 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад ва иншоот ба системаи энергетикӣ тавассути 5 хати интиқоли барқи 220-киловолта ва 5 хати интиқоли барқи 110- киловолта пайваст аст.

Кайраккумская ГЭС Дружба народов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баъд аз таҷдиду навсозӣ иқтидори НБО Қайроқум 35 дарсад афзоиш меёбад

Зимни муаррифии лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум” иттилоъ дода шуд, ки неругоҳ давоми 63 соли фаъолият зиёда аз 40 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол кардааст.

Бо сабаби фаъолияти беш аз нимасра таҷҳизоти неругоҳ кӯҳнаю фарсуда гардида, зарурати таҷдид ва навсозии онҳоро ба миён овард.

Бо татбиқи пурраи лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум”, ки муҳлати он 57 моҳ, яъне то соли 2023 муайян шудааст, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110-киловолтаи неругоҳ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он амалӣ гардида, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида мешавад.

Баъди таҷдиди пурраи неругоҳ умри он боз садсолаҳо зиёд шуда,  тавоноиаш бештар мегардад.

Дар маҷмӯъ бо татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” 50 мегаватт зиёд гардида, истеҳсоли миёнаи неруи барқ то ба 38 фисад афзоиш ёфта, таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии вилояти Суғд бо неруи барқ ба таври назаррас баланд ва беҳтар хоҳад шуд.

Дар доираи ҳамкории судманди дуҷонибаю бисёрҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд маблағи умумии корҳои таҷдиду навсозии ин иншооти гидроэнергетикӣ 200 миллион доллари амрикоӣ- 1 миллиарду 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Асосноккунии техникӣ — иқтисодии таҷдиди неругоҳ соли 2014 дар доираи лоиҳа бо ҷалби сармоягузории грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз ҷониби ширкати машваратчии “IC Consulenten”-и австрагӣ сурат гирифтааст.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини марбутаи мамлакат барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳа Консортсиуми ширкатҳои “General electric Hydro” (Франсия), “General electric renewable Switzerland” (Швейтсария) ва “Cobro Instalaciones Servicios S.A” (Испания) ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар муҳлати муқарраргардида амалӣ намудани ҳадафҳои дар пешгузошташуда маслиҳатҳои судманд пешниҳод карданд.

Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқобии Норак ва Қайроққумро бозсозӣ мекунад

Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки зимни татбиқи лоиҳа барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо аҳамияти махсус дода шавад ва навсозии неругоҳ бояд дар муҳлатҳои муайянгардида ба охир расад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки баъди анҷоми корҳои муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика то соли 2023 Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад расид.

Бо таҷдиди пурраи неругоҳ тамоми системаи он бо технологияи навтарин ва пешрафтаи соҳа иваз карда мешавад ва сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар хоҳад гардид.

Президент пас аз шиносоӣ бо ҷараёни таҷдиду навсозии неругоҳ татбиқи ин лоиҳаро дар рушди иқтисодии кишвар ва вазъи таъмини неруи барқ, махсусан дар вилояти Суғд дорои манфиати зиёд арзёбӣ карданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки вобаста ба нақшаи пешбинигардида ширкати пудратӣ дар доираи лоиҳа раванди таҳвил ва васлу насби 6 агрегат, таҷҳизоти барқии ёрирасони онҳо, 6 турбина ва системаи идоракунии он, ивази 6 ғалақаи обӣ, таъмири ду крани борбардор, ивази дастгоҳи тақсимкунандаи элегазии 110-киловолта, ивази 6 трансформатори қуввагии 10,5/ 110-киловолта, ивази 2 трансформатор бо иқтидори 125 мегаватт дар тарафи шиддати 110/220-киловолта, таъмири нуқтаҳои харобгардидаи садди бетонӣ, навсозии асосии дарвозаи дарғот, таъмири дарғоти обпарто, ивази таҷҳизоти назоратии иншооти гидротехникии обанбор ва дигар корҳои муҳиму аввалиндараҷаи иншоотро ба уҳда дорад.

Дар доираи лоиҳа ширкати ватании Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ҳамчун зерпаймонкор корҳои таҷзия, васлу насби таҷҳизоти асосӣ ва корҳои сохтмониро ба иҷро мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0