10:29 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Последнее звено трансазиатского газопровода “Центральная Азия - Китай” запущено в Казахстане

Дар зарфи ҳафт моҳ Тоҷикистон аз Узбакистон 72 миллион метри мукааб газ харидорӣ намуд

© Sputnik / Тимур Батыршин
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
8310

Давоми ҳафт моҳи соли равон Узбакистон ба Тоҷикистон 72 миллион метри мукааб газ содирот кардааст

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Бино иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Узбакистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 9 миллиону 82 ҳазор доллар газ содирот кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday.

Тавре Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки тайи ҳашт моҳи соли 2018 аз Узбакистон дар ҳаҷми  54 миллион метри мукааб газ воридот шудааст. Содироти гази Узбакистон ба Тоҷикистон пас аз шаш соли вақфа, дар моҳи апрели соли 2018 азсар гирифта шуд.

Дар ҳоли ҳозир гази воридотии Узбакистонро корхонаҳои санъатии Тоҷикистон, аз ҷумла ширкати алюминиюми Тоҷикистон (80 дарсад ) истифода мекунанд.

Мақомоти ширкати интиқоли гази Тоҷикистон (Тоҷиктрансгаз) мегӯянд, ки тайи шаш соле, ки содирот газ Узбакистон ба Тоҷикистон қатъ шуда буд, хутут лӯлаҳо ва таъсисот зербинои кӯҳна ва фарсуда шуда ва ниёз ба тармим ва бозсози дорад, ки ба ин далел замина истифода бахш хонагӣ азоин газ фароҳам нест.

Ба ғайр аз ширкати алюминиюми Тоҷикистон теъдоде аз корхонаҳои санъатии Тоҷикистон, ки дар ғарби шаҳри Душанбе ва дар наздикии марзи Узбакистон воқеъ шудаанд, аз гази содиротии кишвари ҳамсоя истифода мекунанд.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, харидорӣ, воридот, содирот, газ, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ