07:02 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Шерзод Хоҷаев, ноиби вазири энергетикаи Узбакистон, акс аз бойгонӣ

Тошканд замони бозгашти Тоҷикистон ба ҳалқаи ягонаи Осиёи Миёнаро гуфт

Sputnik / Рамиз Бахтияров
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
1213 0 0

Шерзод Хоҷаев, муовини вазири энергетикаи Узбакистон дар бораи пайвастшавии Тоҷикистон ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва густариши ин шабака суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Узбакистон, ки соли 2009 бо хориҷ шудан аз ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна онро гусаста буд, азмашро барои пайвастани Тоҷикистон ба ин ҳалқа баён дошт.

Шерзод Хоҷаев, ноиби вазири энергетикаи Узбакистон дар ҳошияи анҷумани энергетикию сармоягузорӣ гуфт, Тошканд тамоми талошашро барои зудтар пайваст кардани Тоҷикистон ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна равона кардааст, хабар дод Sputnik Узбакистан.

Ӯ иттилоъ дод, ки бо кумаки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд то охири сол сохтмони амалии хатти интиқоли барқ миёни зеристгоҳҳои "Регар"-и Тоҷикистон ва "Гузар"-и Узбакистон оғоз мешавад. Ноиби вазири Узбакистон зикр намуд, ки ин хат қаблан вуҷуд дошт, аммо бо мурури замон таҷҳизоти он барои самтҳои дигар истифода шуданд.

Ожонс фасодзадатарин соҳаҳои Тоҷикистонро эълом кард

Ба гуфтаи Хоҷаев хатти мазкур то соли 2020-ум фаъол хоҳад шуд ва баъди ифтитоҳи он ҳудуди се моҳ зарур аст, ки кори ҳамзамони шабакаҳои Тоҷикистону Узбакистон роҳандозӣ гардад. 

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми фаъолсозии чархаи дуюми НБО Роғун
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Ноиби вазир дар мавриди пайвастани Туркманистону Афғонистон ба ҳалқаи ягона изҳор дошт, ки барои ин вақти бештар ва омӯзишу ҳисоботи иловагӣ зарур аст. 

Ӯ зикр намуд, ки Узбакистон соли 2019-ум раёсати Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ - "САRЕС"-ро ба уҳда дорад ва бо ташаббуси Бонки осиёии рушд барои гузарондани нахустин конфронси вазирони энергетика тавофуқ ҳосил шудааст.

“Амонатбонк” аз аҳолӣ саҳмияҳои “Сангтуда”-ро бо арзиши 10 доллар харидорӣ мекунад

Муовини вазир таъкид намуд, ки Узбакистон ҳанӯз аз замони шӯравӣ меҳвари ҳалқаи энергетикии ҷумҳуриҳои минтақа буду маҳз дар ҳудуди ин кишвар маркази ҳамоҳангсозӣ ҷойгир мебошад, ки тариқи он идораю тақсимот нерӯ дар шабакаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.

 

Барчаспҳо:
Осиёи Миёна, ченаки ягона, шабакаҳо, барқ, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ