Миллиардҳо киловат "ба ҳаво рафт": суҳбати вазири энергетикаи Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевУсмонали Усмонзода. Архивное фото
Усмонали Усмонзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетикаи Тоҷикистон омодагии кишварро барои содироти нерӯи барқ баён дошта, зикр намуд 95 дарсади барқи Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои обӣ истеҳсол мешавад

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Усмонзода дар ҳошияи Анҷумани энергетикӣ-сармоягузорӣ мавсими гармои соли 2017-ро зикр кард, ки  нерӯгоҳҳои Тоҷикистон он вақт бидуни тавлиди нерӯ обро раҳо карданд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи вазири тоҷик бо оби раҳошуда имкон дошт, 10 миллиард килловат соат нерӯи барқ истеҳсол шаваду ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол ёбад, аммо ба далели набудани имконият ин миқдор барқ ба исттиллоҳ "ба ҳаво рафт".

Шерзод Ходжаев - Sputnik Тоҷикистон
Тошканд замони бозгашти Тоҷикистон ба ҳалқаи ягонаи Осиёи Миёнаро гуфт

Ӯ зикр намуд, ки солҳои шӯравӣ барқи барзиёд аз Тоҷикистон содир мешуд, аммо феълан ба далели адами хатти интиқол чунин имконият мавҷуд нест.

“Амалан Тоҷикистон дар нуктаи пайвасткунандаи шабакаҳои барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ қарор дорад. Дар ду соли наздик Тоҷикистон кори паралелӣ бо шабакаҳои барқи Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро роҳандозӣ карда, имкони содироти барқ ба кишварҳои Осиёи Марказиро пайдо хоҳад кард”, - изҳор дошт Усмонзода.

Ин дар ҳолест, ки Шерзод Хоҷаев, ноиби вазири энергетикаи Узбакистон дар ҳошияи анҷумани энергетикию сармоягузорӣ гуфт, Тошканд тамоми талошашро барои зудтар пайваст кардани Тоҷикистон ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна равона кардааст.

Пешниҳоди ба номи Эмомалӣ Раҳмон гузоштани нерӯгоҳи "Роғун"

Ӯ иттилоъ дод, ки бо кумаки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд то охири сол сохтмони амалии хатти интиқоли барқ миёни зеристгоҳҳои "Регар"-и Тоҷикистон ва "Гузар"-и Узбакистон оғоз мешавад. Ноиби вазири Узбакистон зикр намуд, ки ин хат қаблан вуҷуд дошт, аммо бо мурури замон таҷҳизоти он барои самтҳои дигар истифода шуданд.

Ба гуфтаи Хоҷаев хатти мазкур то соли 2020-ум фаъол хоҳад шуд ва баъди ифтитоҳи он ҳудуди се моҳ зарур аст, ки кори ҳамзамони шабакаҳои Тоҷикистону Узбакистон роҳандозӣ гардад. 

Лентаи хабарҳо
0