13:15 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Бинои Барқи тоҷик, акс аз бойгонӣ

Тавсифи ХБА аз болобарии нархи барқ ва тавсияҳои нав

© Sputnik Амир Исаев
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
787 0 0

Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор, ки таҳти раёсати Падамҷа Ҳанделвал тайи 10 рӯз дар Тоҷикистон қарор дошт, дар хулосааш аз болобарии нархи барқ дар кишвар тавсиф кард

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ҳайати ХБА, ки аз 23 сентябр то 4 октябр дар Тоҷикистон буд, хулосаашро нашр намуда, аз боло бурдани нархи нерӯи барқ истиқбол кардааст.

Ислоҳот дар ширкати давлатии “Барқи тоҷик”, аз ҷумла болобарии нархи барқ барои мизоҷон боис шуд, ки талафот дар ин бахш коҳиш ёбад, изҳор доштанд коршиносони ХБА.

Ин ҳайат таъкид намудааст, ки сарфи назар аз камбудиҳо дар бахши молияи Тоҷикистон, кишвар тавонист, рушди макроиқтисодиро нигоҳ дорад.

Коршиносони ХБА инчунин тавсия додаанд, ки мақомоти Тоҷикистон барои таъмини устувории буҷа, озодии қурби асъор ҳангоми мубодила ва беҳбуди амалиёт дар бозори пулӣ, ислоҳоти низоми молиявӣ ва эҳёи эътимоди мардум ба бонкҳо чораандешӣ кунанд.

"Барқи Тоҷик": мо нархи барқро боло набурдаем

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қарори Ҳукумати кишвар аз 1 сентябри соли равон аҳолии кишвар барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷойи 19,37 дирами қаблӣ, 22,66 дирам маблағ пардохт мекунанд. Тарофаи нерӯи барқ аз 1 сентябр барои ҳамаи истифодабарандагони барқ, ба истиснои корхонаи “Талко” боло рафт.

Барчаспҳо:
тавсиф, қиматшавӣ, барқ, ХБА, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ