12:22 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Линии электропередачи

Содироти неруи барқ ба Афғонистон аз сар гирифта шуд: ноқилҳои тахрибшуда барқарор шуданд

© Sputnik / Сергей Мальгавко
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
18210

Ҳукумати Афғонистон тавонист дар зудтарин фурсат ноқилҳои тахрибшудаи барқро барқарор ва сокинонро бо неруи барқ таъмин кунад

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Шаби 9 октябри соли равон дар ағбаи Саланг аз ҷониби афроди номаълум ноқилҳои неруи барқ инфиҷор карда шуд, ки дар натиҷа сокинони чанд минтақаи Афғонистон бе неруи барқ монданд.

Бар хабари шабакаи 1TV, ҳукумати ин кишвар тавонист дар зудтарин фурсат ноқилҳои тахрибшударо барқарор намояд ба сокинони Афғонистонро бо неруи барқ таъмин кунад.

Покистон мехоҳад созишномаи тарҳи CASA - 1000 - ро ислоҳ кунад

"Хати интиқоли барқ дар Кобул ва дигар минтақаҳо барқарор карда шуд", - хабар додааст шабакаи мазкур бо такя ба маълумоти намояндаи вазорати мудофиаи ин кишвар.

Гуфта мешавад, алъон масъулияти инфиҷори хати барқро ягон гурӯҳ ба уҳда нагирифтааст. Тавассути ин хат, неруи барқ аз Тоҷикистон ба маркази Афғонистон ва аз он ҷо ба минтақаҳои дигари ин кишвар интиқол меёфт.

Афғонистонро баъди интихоботи президентӣ чӣ интизор аст?

Маврид ба ёдоварист, ки миёнаҳои моҳи сентябри соли равон, ҷангиёни ҳаракати Толибон дар Бағлон хати интиқоли барқро тахриб намуданд, ки дар натиҷа давоми чанд рӯз Кобул ва 11 манотиқи дигари Афғонистон аз неруи барқ маҳрум монданд.

Барчаспҳо:
барқарорӣ, ноқилҳои бардиҳанда, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ