15:54 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
279410

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат аз созишнома бо ширкатҳои “Авесто гуруҳ” ва “Душанбе сити” барои роҳандозии низоми нави ҳисобу ҷамъоварии пули барқ дар пойтахт ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати “Авесто Гуруҳ”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ташкилоти амонатии қарзии хурди “Душанбе Сити”  моҳи равон имзо шуд. Ин шартнома ҷорӣ намудани низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе бо харҷи қариб 900 миллион сомониро фаро мегирад.

Кумита ҳадафи созишномаро рушди энергетикаи кишвар тариқи роҳандозии  технологияҳои муосир дар раванди баҳисобгирӣ ва назорати истифодаи нерӯи барқ арзёбӣ кардаст. 

Манбаъ афзуд, “Авесто Гуруҳ” таҳлил гузаронда, барои кам намудани талафоти тиҷоратию техникӣ, инчунин афзун намудани ҷамъоварии маблағ барои истифодаи нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва барқарору азнавсозии қисме аз инфрасохтори мавҷударо пешниҳод намуд. 

“Лоиҳа дар 2 марҳила, марҳилаи аввал ноҳияи Сино ва баъдан бо назардошти татбиқ ва натиҷаи хуб дар ноҳияҳои боқимондаи шаҳри Душанбе амалӣ мешавад. Муайян карда шуд, ҳисобкунакҳое, ки дар ноҳияи Сино иваз карда мешаванд, 94 500 ададро ташкил менамоянд”, - хабар дод Кумита. 

Ин ниҳод илова намуд, ки маблағи умумии сармоягузорӣ барои татбиқи Лоиҳа дар шаҳри Душанбе тақрибан 88 миллион доллар, аз ҷумла 34,5 миллион доллар дар ноҳияи Синоро ташкил медиҳад.

Қарзи “Барқи Тоҷик” ширкатҳои истихроҷи маъданро дучори мушкил кард

Кумита таъкид кардааст, ки дар доираи Лоиҳа ҷоринамоии низоми ғайринақдии пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ пешбинӣ шуда, шаҳрвандон метавонанд, баробари “Амонатбонк” инчунин тариқи  дигар воситаҳои пардохт аз қабили терминалҳо, ҳамёнҳои электронӣ ва постерминалҳо ҳаққи истифодаи нерӯи барқро пардохт намоянд.

Мавзӯъҳои асосӣ