Пули барқ тариқи биллинг: нозирон ихтисору ҷамъоварӣ бештар мешавад

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСчетчики электроэнергии, архивное фото
Счетчики электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумат ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати корхонаҳои “Авесто Гурӯҳ”, “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ташкилоти қарзии хурди “Душанбе Сити”-ро тасвиб кард, ки марбут ба низоми нави ҷамъоварии маблағ мебошад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Низоми биллингӣ, ки дар назар аст тайи 5 сол бо харҷи 88 миллион доллар дар Душанбе роҳандозӣ гардад, ҷамъоварии 99 дарсади пули барқро таъмин кунад, иттилоъ дода шуд дар ҷаласа.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Талаф каму пули барқ зиёд: созиши Ҳукумат бо “Авесто гуруҳ” ва “Душанбе сити”

Дар марҳилаи аввал, ки татбиқаш имсол оғоз мешавад, дар ноҳияи Сино 94 500 ҳисобкунаки барқӣ насб мегарданд ва вобаста ба натиҷа лоиҳа дар тамоми қаламрави пойтахт татбиқ мегардад. Дар маҷмуъ насби наздики 250 ҳазор ҳисобкунак дар нақша аст.

Маблағи умумии сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳа дар шаҳри Душанбе тақрибан 88 миллион доллар, аз ҷумла дар ноҳияи Сино муодили 34,5 миллион доллар мебошад.

Ба иттилои раёсати Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар назар аст, ки сармоягузорони низоми нав,  маблағашонро аз ҳисоби болобарии ҳаҷми ҷамъоварии пули барқ, ихтисори нозирону коҳиши талафоти барқ, пулашонро бо фоида бозпас гиранд.

Марде, ки Раҳмон ҳама ҷо таърифаш мекунад: аз ятимӣ то хайри миллионҳои Бобоҷонов - видео

Ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ сармоягузорони низоми билингиро аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ дар марҳилаи татбиқи лоиҳа озод мекунад.

Ироаи имтиёзҳо дар ҳолест, ки “Авесто Гурӯҳ” бо гирифтани сабукиҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисоди мамлакат, аз ҷумла аз нақлиёт то паррвандапарварӣ ва интернету тавлиди об ва ғайра фаъолият мекунад.

Лентаи хабарҳо
0