01:53 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
40810

Ширкати “Помир энержи”, эълон намудааст, ки моҳи майи соли равон дар маркази ноҳияи Мурғоб нерӯгоҳи барқи офтобӣ фаъол мегардад

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ба гуфтаи Амрихон Раҳимов, директори департаменти тавлиди  барқи ширкати “Помир энержи” ин нерӯгоҳ метавонад дар як шабонарӯз  200 кВт - соат қувваи барқ тавлид намояд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”.

Вай афзудааст, ки айни замон ин беҳтарин  натиҷа дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.

Амрихон Раҳимов ҳамчунин зикр кард, ки рӯзҳои наздик корҳои омодагӣ ба насби  таҷҳизоти зарурии неругоҳ, тахту ҳамворкунии майдони сохтмони  иншоот ва бетонрезии зерпояҳо анҷом дода мешаванд.

Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Хоруғ корҳои омодасозии тамоми  таҷҳизот  барои фаъолгардонии неругоҳи офтобӣ идома доранд. Бо  ин мақсад, ширкати “Помир энержи” аз ширкати машҳури “Тетра  Тех” (Амриоко) мутахассиси варзидаро чун мушовир даъват  кардааст.

“Бо анҷоми корҳои тахту ҳамворкунии майдони иншоот барои   насби таҷҳизоти зарурӣ дар маркази ноҳияи Мурғоб моҳи апрел насбу васли онҳо оғоз меёбад. Моҳи май  маросими ифтитоҳи неругоҳи офтобӣ дар шаҳраки Мурғоб дар назар аст”, - гуфт Амирхон Раҳмов.

директори департаменти тавлиди  барқи ширкати “Помир энержи”  гуфт, бо роҳандозии нерӯгоҳ таъминоти барқ дар ин ноҳияи баландкӯҳи  кишвар, ки барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ҷиҳати захираи ками об имконияти маҳдуд дорад, бамаротиб беҳтар мегардад.

Ҳамчунин масъули шикати “Помир энержи” гуфт дар оянда чунин неругоҳҳо дар минтақаҳои дигари Мурғоб низ бунёд мешаванд.

Барчаспҳо:
Помир, офтобӣ, нерӯгоҳи офтобӣ, нерӯгоҳ, ширкати "Помир Энержӣ", Мурғоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ