Шиддати барқ паст: “аз торикӣ бо шамъу фонар ғизои шом мехӯрем”-видео

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкОсветительные лампочки
Осветительные лампочки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинон як маҳалла дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, шиддати барқи хонаҳояшон ба дараҷае паст аст, ки шомгоҳон дар вақти хӯрокпазӣ аз равшании шамъу фонарҳо истифода мекунанд

ДУШАНБЕ, 3 – апр Sputnik. Сокинони маҳаллаи Мусаффои ҷамоати Унҷӣ  мегӯянд, 8 сол боз мушкили паст будани шиддати барқ дар хонаҳояшон ҳал нашудааст, гузориш дод телевизиони маҳаллии СМ-1 и Хуҷанд.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки Ҷаҳонӣ барои солимгардонии “Барқи Тоҷик” 134 миллион доллар медиҳад

Хайриниссо Ҷӯраева, сокини маҳаллаи Мусаффо иброз дошт, ки фасли зимистон ба хонаҳои онҳо қариб, ки барқ намеояд, вале аз интиқоли барқи пастсифат дар баҳору тобистон ҳам азият мекашанд.

“Шом хӯрокро бо истифода аз газ мепазем, вале аз сабаби паст будани шиддати барқ, азоб мекашем ва дегу табақро аз равшании шамъ ё фонар мебинем”, - изҳор дошт Ҷӯраева дар гузориш.

Ҳуснӣ Очилова, як сокини дигар маҳаллаи Мусаффо таъкид намудаст, ки шиддати барқ ба дараҷае паст аст, ки ҳатто таҳҷизоти техникӣ дуруст кор намекунанд.

“Барқ паст, аз ин ҳол дарзмол гарм намешавад. Ба яхдони хона таҷҳизоти тақвиятдиҳандаи барқ (стаблизатор) насб карда шудааст, аммо бо ин ҳам гоҳ кор мекунаду гоҳе не”, - гуфт Очилова.

Сокинони маҳаллаи Мусаффо мегӯянд, то ин вақт барои рафъи ин мушкил борҳо ба ҳукумати ноҳияи Б. Ғафуров муроҷиат кардаанд, ҳеч чорае аз сӯи масъулин анҷом дода нашудааст.

Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Президент қонуни марбут ба хусусигардонии амволи “Роғун” ва "Талко"-ро имзо кард

Ахиран ин гурӯҳи сокинон худ аз ҳисоби худ ноқилу симчӯб ва трансформаторро хариддорӣ кардаанд, вале масолеҳи хариддорӣ шуда барои комилан бартараф намудани мушкили мавҷуда кофӣ набудааст. Барои бартараф шудани ин мушкил, ҳанӯз то бист симчӯб ва ҳудуди ҳазор метр ноқили барқрасон ва дигар лавозимт лозим аст, ки сокинон мегӯянд товони хариди ин ҳамаро надоранд.

Маъмулан сокинони маҳаллаҳои навбунёд анқариб дар ҳар шаҳру навоҳии кишвар ба он далел ба мушкили таъмини барқрасонӣ дучор мешаванд, ки шароити танготанги манзил бисёриҳоро водор месозад, ки ба сохтмон дар замини гирифтаи худ шурӯъ кунанд. Дар ин ҳолат масъулини шабакаҳои барқӣ мегуянд, ки имкони саривақт кашидани хатти барқ ба маҳаллаҳои навро надоранд ва аксар вақт барои ин кор худи сокинон иқдом мекунанд. Масъулини шабакаҳои барқии ноҳияи Б. Ғафуров гуфтаанд, ки масъалаи барқи хонаҳои сокинони маҳаллаи Мусаффоро ҳамроҳ бо мутахассисони соҳа меомӯзанд ва дар амри зарурат барои дастрас намудани таҷзиҳот ба ширкати “Барқи тоҷик” муроҷиат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0