00:29 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
443 0 0

Ширкати "Помирэнержӣ" дар ҳамдасти бо Ҳукумати Тоҷикистон дар деҳаи Рошорви водии дурдасти Бартанг неругоҳи хурди барқӣ месозад

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар деҳаи Рошорви Ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  неругоҳи хурди барқӣ бо тавоноии 450 киловат бунёд мешавад, хабар медиҳал пгентии "Ховар".

Ба иттилои манбаъ, неругоҳи хурд бо ибтикори ширкати "Помирэнержӣ" ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сохта мешавад. Барои сохтмони ин неругоҳ беш аз 11 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Манбаъ меафзояд, бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилоят  ширкати "Помирэнержӣ"  тирамоҳи  соли  гузашта таҳкурсии  неругоҳи барки обии хурдро дар маҷрои дарёчаи  кӯҳии Хатфат гузошт. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  "Мадад"   ба ӯҳда гирифтааст.

Насби нерӯгоҳи офтобӣ дар Мурғоб ва нақшаи пайвастани ноҳия ба шабакаи ягонаи ВМКБ

Дар ҳамин ҳол, муҳандиси ширкати мазкур Асад Саидмамадов гуфтаст, ки "ин деҳаҳои дурдасти водии Бартанг дар маконҳои дастнорас ва доманакӯҳҳо ҷойгиранд. Аз ин рӯ интиқол додани техникаву механзимҳо ва масолеҳи сохтмонӣ  ба он ҷо хеле душвор аст. Сарфи назар аз ин мушкилот ширкати "Помирэнерҷӣ" тасмим гирифт, ки марҳила ба марҳила сокинони ин водиро бо барқ таъмин намояд".

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Зикр мегардад, ки сарфи назар аз иқлими номусоид ва боронгарӣ самти рӯдхонаи Хатфат тағйир дода шуда, кандани хандақ барои васл намудани қубурҳои обгузар оғоз ёфта, ҳамворкунии майдони сохтмон ба анҷом расонида шуд.

Ба сохтмони неругоҳи хурди обӣ 50 нафар ҷавонони маҳаллӣ ҷалб шудаанд. Ба маҳали сохтмон ҳамчунин 3 эксковатор, 2 мошини калони боркаш, 2 булдозер, 1 адад манипулятор ва 1 адад генератори дизелӣ бо тавоноии 80 кВт интиқол дода шуданд.

Анҷоми  сохтмони  ин неругоҳи хурди обӣ мувофиқи нақша  мохи сентябри соли равон дар назар дошта шудааст. Баъди ба истифода додани неругоҳи мазкур  180 хонаводаи деҳаи Рошорви водии Бартанг бо барқи хушсифат таъмин мегарданд.

Ояндаи наздик интиқоли барқ  ба деҳаҳои  Барчидев ва Япшорви водии Бартанг  низ ба роҳ монда мешавад.

Барчаспҳо:
Бартанг, неругоҳ

Мавзӯъҳои асосӣ