Иктишофи нафту гази Тоҷикистон: танҳо ду ширкат, ҳарду ҳам кор намекунанд

CC0 / ptra / Pixabay / Добыча нефти, архивное фото
Добыча нефти, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон танҳо ду ширкат бо иктишофи нафту газ машғуланд, ки ҳар ду ҳам дар ҳоли ҳозир кор намекунанд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Миралӣ Ташрипов, Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, дар Тоҷикистон танҳо ду ширкат – “Бохтар Оперейшн Компани” (BOC) ва “Сомон Ойл” – иҷозатномаи омӯзишу иктишофи захираҳои нафту газро дар даст доранд, ки дар ҳоли ҳозир ҳарду ҳам кор намекунанд.

“Бохтар Оперейшн Компани” дар ҷануби Тоҷикистон фаъолият мекунад ва 31 иҷозатнома дар 56 майдон дорад. “Сомон Ойл” дар шимоли Тоҷикистон дар ду майдон иҷозаномаи фаъолият доранд. Айни замон корҳо ба таъхир гузошта шудаанд. Яке се сол ба ин сӯ бо мушкили андоз мувоҷеҳ шудааст. Дигаре, наметавонад таҷҳизот барои шикофтани заминро ворид кунад, чун таври маълум, марзи миёни кишварҳо дар пайи пандемияи “вируси корона” баста шудаанд”, - гуфт Миралӣ Ташрипов.

“Бохтар Оперейшн Компани” (Bokhtar Operetion Company) як ширкати муштараки се ширкати бузурги нафту гази ҷаҳон – Total (Фаронса) CNPC (Чин) ва Tetys Petrolium (Бритониё, Канада) буда, “Сомон Ойл” бо сармоягузории Чин кор мекунад.

Нефть - Sputnik Тоҷикистон
Саридораи геологияи гуфт, дар Тоҷикистон чи қадар кони нафту газ аст

Тибқи иттилои Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 24 кони нафту газ дар навоҳии Исфара, Конибодом, Ҳисор, Балҷувон, Ховалинг, Кӯлоб, Қубодиён, Дӯстӣ, Восеъ, Ҷалолиддини Румӣ ва Варзоб фаъол буда, захираи онҳо 2,6 миллион тон нафт ва 3,4 миллиард метри мукааб газ ҳисоб шудааст.

 Бино ба ин манбаъ, ҳамзамон беш аз 15 майдони озод дар Шаҳринав, Конибодом, Исфара, Ашт, Рудакӣ ва Турсунзода вуҷуд доранд, ки интизори кашфанд.

Лентаи хабарҳо
0