12:26 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
238 0 0

Тоҷикистон гази Ӯзбекистонро ба арзиши 17 миллион доллар ворид ва барқро бо нархи 7 миллион доллар ба ин кишвар содир кард

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи хабарии Авеста, мизони содироти гази табиии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бештар аз мизони содироти барқи Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя аст.

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон эълом кард, мизони воридоти гази табиӣ аз ин кишвари ҳамсоя 2 баробар бештар аз мизони содироти барқ аст.

Ба гуфтаи ин манбаъ,  дар шаш моҳи аввали имсол Тоҷикистон 358 миллион киловатт соат барқ ба арзиши 7 миллион доллар ба Ӯзбекистон содир карда ва 144 миллион метри мукааб гази табиӣ аз Ӯзбекистонро ба арзиши 17 миллион доллар ворид кардааст.

Ёдрас мешавем, ахиран мақомоти кишвар эълом дошт, ки аз аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳаҷми содироти қувваи барқро ба кишварҳои ҳамсоя тақрибан 40% кам кард.

"Даромад аз фурӯши нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя дар панҷ моҳи соли ҷорӣ қариб 15,8 миллион долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба моҳҳои январ то майи соли гузашта 39,9 фоиз камтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи беш аз 26,3 миллион доллар  нерӯи барқ ​​ба хориҷа фурӯхта шуда буд", - омадааст дар гузориш.

Ёдовар мешавем соли гузашта Тоҷикистон аз интиқоли нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 91,3 миллион доллар ба даст овард. Дар ин давра содироти неруи барқ аз ҳама беш ба Афғонистон сурат гирифта, Тоҷикистон бар ивази 1,46 миллиард кВт/соат 60,6 миллион доллар ба даст овардааст.

Барчаспҳо:
газ, воридот, барқ, содирот, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ