12:35 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
354 0 0

Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон тавофуқи дигареро дар мавриди ихтисоси будҷа барои сохти неругоҳи барқии Себзор дар минтақаи Бадахшон имзо кард

ДУШАНБЕ, 24 июл - Sputnik.  Завқӣ Завқизода вазири Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон ва мудири Бонки Тавсиаи Олмон барои сохти неругоҳи Барқӣ обии Себзор қарордоде ба арзиши 18 миллиону 600 ҳазор евро имзо карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат дар сомонаи расмӣ.

Бояд гуфт, ки санаи 2 августи соли 2019, Тоҷикистон ва Олмон тавофуқномаеро  ба имзо расонданд, ки тибқи он, Олмон барои сохти неругоҳи Себзор 17 миллион евро кумак хоҳад кард.

Ҳамчунин дар 2-уми декабри соли 2019, қарордоди молӣ барои сохти ҳамон неругоҳ байни давлатҳои тоҷикистон ва Суис барои таъмини эътибори сохти хати интиқоли110 килловват неругоҳи Себзор - Хоруғ, ба арзиши 9.55 миллион доллар ба имзо расида буд.

Илова бар ин, Бонки Ҷаҳонӣ ҳам барои имконсанҷии хати интиқоли Барқи неругоҳ 1 миллиону 900 ҳазор доллар ба Тоҷикистон кумак кард.

Дар 26 сентиябри соли 2019, Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ ба парлумони ин кишвар гуфт, неругоҳи Барқӣ обии Себзор бояд соли 2022 роҳандозӣ шавад.

Барчаспҳо:
имзо, қарордод, неругоҳ, сохта, НБО, Себзор, НБО "Себзор", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ