09:18 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
366 0 0

Норасоии мавсимии об дар дарёҳои Тоҷикистон пас аз чанд сол метавонад ба як проблемаи доимӣ мубаддал гардад. Аз ин рӯ ин мушкилӣ бояд аз ҳоло дар зҳамдастӣ бо кишварҳои минтақа ҳалу фасл шавад

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тоҷикистон бо ду ҳамсоякишвараш - Афғонистону Ӯзбекистон ба падидае дучор омаданд, ки решаи он табиӣ буда, оқибаташ иқтисодист.

Ҳоло Тоҷикистон ба далели коҳиш ёфтани сатҳи оби Вахш интиқоли неруи барқ ба ин ду кишвар муттаваққиф намуд.

Чанде қабл ширкати "Барқи тоҷик" аз каам шудани захираҳои обӣ барои истеҳсоли барқ хабар дода, санаи 29 - уми июл бошад Ҳукумати Тоҷикистон расман ба мардум муроҷиат намуд, ки лимити барқ ба далели 50 дарсад кам шудани оби дарёи Вахш  ҷорӣ мешавад.

Боз торикӣ: чаро Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқро ҷорӣ кард ва он то кай идома меёбад

Зимнан, сар аз 16 - уми июл интиқоли неруи барқ ба Ӯзбекистон коҳиш ёфт ва ҳукумати ин кишвар фавран бо "Туркменэнерго" шартнома баст ва ба хариди неруи барқ аз ин кишвар шурӯъ намуд.

Гузашта аз ин, Тоҷикистон барои таъминтнамудани сокинони худ дар мавсими тирамоҳ - зимистон, тамими гирифт, ки аз ҳоло лимити барқро ҷорӣ намояд. Зеро ба далели камбарф омадани зимистон сатҳи оби дарёҳо бамаротиб кам аст.

То кадом ҳад ин мушкилӣ ҷиддист?

Рӯдҳои Панҷ ва Вахш иқтидори асосии гирдоэнергетикаи Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд ва обҳои ин ду дарё аз ҳисоби пиряхҳо ва ҷамъшавии барф дар кӯҳҳо вобаста аст.

Тибқи маълумоти доктори илмҳои ҷуғрофӣ Холназар Муҳаббатов, дар ҳавзаи Вахш - 3150 кв. км пиряхҳо, дар ҳавзаи Панҷ - 2960 кв. км пиряхҳо мавҷуд аст. Дар қаламрави Тоҷикистон, Вахш ҷараёни миёнаи солонаро ба 18,3 метри мукааб ташкил медиҳад, ва Панҷ - 17,1 метри мукааб. Тибқи захираи умумии об дар Тоҷикистон, пиряхҳо 460 метри мукааб, кӯлҳо - 46 метр мукааб, обҳои зеризаминӣ - 6,6  ва маҷрои барқароршавандаи дарё, ки аз боришоти зиёд вобастагӣ дорад, 56,8 метри мукааб ташкил медиҳад.

Боришоти барф дар кӯҳҳо ҳангоми боридани боронҳои шамол на танҳо маҷрои дарёро ба вуҷуд меоранд, балки дар пиряхҳо захираи обро пур ва зиёд мекунанд. Онҳо хеле муҳиманд, бидуни ин, захираҳои об дар пиряхҳо дар тӯли камтар аз даҳ сол истифода хоҳанд шуд, ки дар натиҷа Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҳолати ногузир мемонад.

Бар тибқи маълумотҳо, қисми зиёди боришот дар Помири Ғарбӣ меборад, ки аз он ҷо дарёҳои Вахш ва Панҷ ҷорӣ мешаванд, аз моҳи октябр то май, ҳангоми боришоти миёнаи моҳона аз 37 то 80 мм дарбар мегирад.

Аммо соли гузашта боришот аз ҳад зиёд кам буд. Норасоии боришот аз моҳи ноябри соли 2019 сар шуд. Январи соли 2020 25 мм боришот ба қайд гирифта шуд, ки ин қонеъкунанда буд.

Аммо пас аз ин моҳ боришот ба маротиб кам шуд:

  • феврал - 2 мм, 6фисад;
  • март - 37 мм, 87%;
  • апрел - 14 мм, 35%;
  • май - 4 мм, 17%;
  • июн - 5 мм, 43%;
  • июл - 2 мм, 46%.

Дар соли 2019, моҳҳои аввали зимистон низ хушк буд ва дар моҳҳои июл-сентябр тамоман боришот паст шуд. Зимнан, моҳҳои май ва июн сербориштар буданд. Дар моҳи май - 234 мм, 928% аз меъёр, июн - 109 мм, 970% аз меъёр. Ин ду моҳ тамоми солро бо об таъмин карданд. Аз ин рӯ, он вақт ягон мушкилоти махсус вуҷуд надошт.

Роҳи ҳалл дар куҷо бошад?

Ба назари ман, ин масъала муносибати стратегӣ ва кӯшишҳои муштараки тамоми кишварҳои минтақа ва инчунин иштироки Русияро тақозо мекунад, ки бидуни он ҳалли ингунамасъалаҳои мураккаб ва дорои сармояи зиёд ниҳоят душвор аст. Ин вазъ дар ҷаҳони муосир як зуҳуроти аҷибест, вақте ки иқтисодиёти як қатор давлатҳо аслан аз боридани барф дар кӯҳҳо пойбанд бошад.

Аввалан, рушди соҳаҳои энергетика, ки ба захираҳои гидроэнергетикӣ алоқаманд нестанд, аҳамияти бузург дорад: газҳои гармидиҳӣ, нерӯгоҳҳои атомӣ ва офтобӣ. Ҳоло, агар ҳоло дар Ӯзбекистон як нерӯгоҳи атомӣ ба кор медаромад, вазъ маҷрои дигарро касб мекард. Зеро Тошканд дар ин сурат метавонист ҳамсоякишварҳои худро дар ҳолати коҳиши захираҳои об бо неруи барқ таъмин кунад.

Дуввумин ки бо дарназардошти об шудани пиряхҳо дар Помир, захираи об дар обанборҳо ба таври лозимӣ бояд бошад.

"Барқи тоҷик" пас аз хомӯшӣ эълом кард, ки чаро "лимит" дубора ҷорӣ шуд

Зеро бар тибқипешгӯиҳои мавҷуда то соли 2030 пиряхҳо дар Помир бо маром об мешаванд, вале пас аз он, то соли 2050 ин пиряхҳо аз 7 то 17 дарсад коҳиш хоҳанд ёфт.

Минбаъд мавсимҳои камбориш зуд - зуд такрор меёба ва ин раванд ба хушксолиҳои дарозмуддат метавонад оварда расонад. Агар раванди обшавии пиряхҳо вусъат ёбад, то захираи об дар рӯди Вахш низ кам гардида, истеҳсоли неруи барқ низ коҳиш меёбад.Ин ҳолат бошад ба суст шудани иқтисоди тамоми минтақа меорад.

Ҳамин тавр, агар дар тӯли 10-15 соли оянда якчанд обанборҳои калон дар болои Вахш ва болои дигар дарёҳо сохта нашавад, Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳои он метавонанд ба норасоии ҷиддии неруи барқ дучор шаванд. Варианти дигар ин аст, ки Осиёи Марказиро ба минтақаи ҳастаӣ ва бунёди нерӯгоҳҳои атомӣ табдил дод.

Барчаспҳо:
энергетика, Тоҷикистон, Вахш, дарё

Мавзӯъҳои асосӣ