02:19 02 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
1072 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Равшан”- ро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳи барқии “Равшан”,  воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Тибқи иттилои манбаъ шиддати зеристгоҳи барқии “Равшан” то татбиқи лоиҳа бо дарназардошти сохтори техникӣ дар сатҳи 220/35/10 кВ фаъолият мекард.

“Дар заминаи васеъсозӣ ва насби дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ  иқтидори он ба 220/110/10 кВ табдил дода шуда, тавоноии он аз 270 МВА ба 400 МВА баланд бардошта шуд”,- таъкид доштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ҳамзамон манбаъ илова кард, ки зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Равшан” солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда, дастгоҳу таҷҳизоти он бо сабаби истифодаи тӯлонӣ қисман фарсудаву корношоям гардида буданд.

Гуфта шудааст, ки вобаста ба талаботи муштариён миқдори истифодаи неруи барқ дар зеристгоҳи мазкур шабонарӯзӣ 550 мегаватт неруи барқро ташкил медиҳад.

Зеристгоҳи барқии “Равшан” дар баробари таъмини пурраи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Турсунзода  ҳамзамон қисман ноҳияи Шаҳринавро бо барқи сифатан хуби истеҳсоли ватанӣ таъмин менамояд.

Таъкид гардидааст, ки фармоишгари лоиҳа Ширкати “Барқи Тоҷик” буда, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот аз ҷониби Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба анҷом расонида шуд.

Зеристгоҳи барқии “Равшан” бо назардошти рушди ояндаи инфрасохтори шаҳр, яъне бунёд гардидани боз даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун аз нав таҷдид шуда, ин тадбир ба рушди минбаъдаи соҳаҳои муҳиму афзалиятноки шаҳр заминаи мусоид мегузорад.

Манбаъ зикр кардааст, ки дар доираи лоиҳа, тавассути васлу насби ду адад автотрансформатори иқтидорашон 125 МВА, ду адад трасформатори шиддаттанзимкунандаи 40 МВА, як адад трансформатори шиддатбаландкунандаи 25 МВА, гурӯҳи васлакҳои элегазӣ ва ҷудокунакҳои барқӣ, равоқпояҳо, трансформаторҳои шиддат ва ҷараён, гурӯҳи реакторҳо, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи 10 кВ ва дигар таҷҳизоти барқӣ, бунёди бинои нави дастгоҳҳои тақсимкунанда ва бинои нави идоракунӣ навсозӣ гардидааст.

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳа ҳамзамон таҷдиду навсозии зеристгоҳи барқии 35/10 кВ-и “Минтақаи саноатӣ” дар шаҳри Турсунзода амалӣ гардид.

Дар зеристгоҳи мазкур ду адад трансформатори 25 МВА насб гардидааст. Зеристгоҳи барқии 35/ 10 кВ-и “Минтақаи саноатӣ” пас аз навсозӣ аз зеристгоҳи барқии 35/10 кВ тавассути васеъсозӣ ё худ бунёд намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ ба зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ табдил дода шуда, тавоноии он аз 20 МВА ба 50 МВА баланд бардошта шуд.

Маҷмӯи ноқилҳои барқӣ ва ноқилҳои таҷҳизоти баландшиддат дар ҳаҷми беш аз 24 тонна ба маблағи 659 ҳазор сомонӣ аз ҷониби корхонаи ватании Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди  “Ноқили Талко” истеҳсол ва таҳвил карда шудааст.

Илова бар ин хати интиқоли барқи 35 кВ байни ин зеристгоҳҳо навсозӣ гардида, шиддати он аз 35 кВ ба 110 кВ баланд бардошта шуд.

Барчаспҳо:
Рустам Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳр, Раисҷумҳур, истифода, таҷдид, Турсунзода, барқ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ