15:50 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
423 0 0

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи корхонаи “Электроторгмаш”-и Укроин Виктор Меленетс ва ҳамроҳонаш дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суҳбат Раиси вилоят таъкид кард, ки дар Тоҷикистон сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ ҷараён дошта, ба кор оғоз кардани агрегатҳои якуму дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” имкон дод, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тавсеа дода шавад.​

Инчунин, зимни мулоқот Раҷаббой Аҳмадзода, қайд кард ки дар маркази вилоят теъдоди зиёди биноҳои баландошёна ва корхонаву иншоот мавҷуд аст ва дар оянда ба бунёди маркази барқу гармидиҳӣ низ афзалият дода мешавад.​

Дар навбати худ, Виктор Меленетс аз тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Укроин изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки​ корхонаи “Электроторгмаш”-и Укроин метавонад бо вилояти Суғд ҳамкориро ба роҳ монда, тибқи дархост​ маркази барқу гармидиҳӣ бунёд намояд.

Вай зикр кардааст, ки “Электроторгмаш” ​ дар ин самт таҷрибаи калондорад.

Ҳамчунин, ҷонибҳо зимни мулоқот дурнамои ҳамкориро баррасӣ кард. ​ ​

Мавзӯъҳои асосӣ