Раҳмон аз миллиардҳои сарфшуда барои бунёди НБО “Роғун” гуфт

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкОткрытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане
Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар мулоқот бо бунёдкорони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" таъкид кард, ки дар соли 2020 барои сохтмони НБО “Роғун” аз ҳисоби буҷети давлат қариб се миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид доштааст, ки аз аввали корҳои барқарорсозии иншооти нерӯгоҳи “Роғун”, яъне аз соли 2008 то ба ҳол 25 миллиарду 340 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Президент Эмомали Рахмон и премьер проинспектировали строительство Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон пас аз интихобот ҷараёни сохтмони НБО “Роғун”-ро тафтиш кард

Вай афзуд: “Танҳо дар соли 2020 барои сохтмони он аз ҳисоби буҷети давлат қариб се миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст”.

Вай таъкид доштааст, ки барои татбиқи корҳои сохтмону васлгарии пешазшартномавӣ, иҷрои корҳо вобаста ба лоти 2 – сохтмони сарбанд ва корҳои бармаҳали лотҳои сеюму чорум, хариди таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон, инчунин, хизматрасонии молрасонандагон аз ҳисоби буҷети давлат 1 миллиарду 872 миллион сомонӣ маблағгузорӣ сурат гирифтааст.

“Ҳоло дар сохтмон 12707 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 1990 нафар кормандони Ширкати “Вибилд” дар ду вахта бо истифода аз 3824 мошину механизмҳо шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамзамон раисҷумҳур илова кард, ки ҳарчанд аз он рӯзҳо вақти зиёде сипарӣ нашудааст, тавассути ду агрегати он то имрӯз, аллакай 1,7 миллиард киловатт — соат нерӯи барқ истеҳсол ва ба шабакаҳои энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0