14:26 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
38410

Мақомоти Тоҷикистон эълом намуданд, ки мамнӯъ шудани содироти гази моеъ тавассути мошинҳо таъсире бар қимати ин навъи сӯхт дар Тоҷикистон нахоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба гузориши сомонаи Вазорати энержии Қазоқистон, Тоҷикистон 90 дарсад аз гази моеъи мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ворид мекунад, ки солҳои қабл ин навъи сӯхт тавассути танкерҳои ҳамли сӯхт аз қаламрави Қирғизистон мунтақил мешуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бояд қайд кард, ки Қазоқистон ахиран эълон кардааст, ки содироти гази моеъ аз ин кишвар ба хориҷ тавассути автомобилҳоро мамнӯъ  кардааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ширкати давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон таъкид доштанд, ки бахши умдаи гази моеъи Қазоқистон тавассути вагонҳо мунтақил мешавад ва мамнӯияти содироти ин навъи сӯхт бо истифода аз автомобилҳо таъсире бар ин кишвар нахоҳад дошт.

Дар Тоҷикистон наздик ба 70 дарсад аз васоили ҳамлу нақли умумӣ ва шахсӣ ба далели арзон будани гази моеъ аз ин навъи сӯхт истифода мекунанд.

Бар асоси гузориши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар шаш моҳи имсол 227 ҳазору 178 тон гази моеъ ба ин кишвар ворид карда шудааст, ки қимати ҳар тони он 391 доллар аст.

Барчаспҳо:
мамнуъ, мошинҳо, содирот, гази моеъ, Қазоқистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ