02:50 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
40410

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки Неругоҳҳои барқи обии “Норак” ва “Бойғозӣ” комилан барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 омода мебошанд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории АМИТ “Ховар”, мутахассисони  НБО “Норак” барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021  ва  дар давраи  зимистон таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқ корҳои омодагӣ ва таъмири  ҷорӣ, миёна  ва асосии  гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти ёрирасонро  мувофиқи нақша гузарониданд.

Гуфта шудааст, ки айни замон дар гидроагрегати рақами 1-и неругоҳ корҳои навсозӣ ҷараён дошта, гидроагрегатҳои рақамҳои 2,3,4,5,6, 7,8,9  баҳри истеҳсоли қувваи барқ дар ҳолати корӣ қарор доранд. 

Сармуҳандиси НБО-и “Норак” Рустам Фозилов, таъкид доштааст, ки то имрӯз мутахассисони ин корхона тибқи нақша  барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 як зумра корҳои муҳим, аз ҷумла, захира намудани равғани Т–1500, Тп-30, таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани  дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражи №1-2-и сойи Сафедоб ва ҳавзи сойи лагерро пурра иҷро намудаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулин  НБО “Бойғозӣ” низ барои истеҳсоли барқ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд.

Муовини сардори Хадамоти истифодаи техникии неругоҳи “Бойғозӣ” Фахриддин  Ятимов зикр кардааст, ки барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии неругоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда,  қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор ва айни замон дар ҳолати корӣ қарор доранд. 

“Ҳамчунин барои таъмини бехатарии кормандон дар  роҳи нақлиётгарди Чашма-Бойғозӣ ва Бойғозӣ-Оби туғ  30 метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ, 2 тонна сӯзишвории бензин ва миқдори зарурии намак захира карда, техника ва механизмҳои неругоҳ аз таъмирҳои ТО-1 ва ТО-2 гузаронида шудаанд”, - қайд кардааст Фахриддин  Ятимов.

Ҳамин тавр ба гуфтаи масъулин ин техникаҳо барои дар фасли зимистон ба кормандони нуругоҳ хизмат расонидан пурра омода мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, сармуҳандиси НБО-и “Бойғозӣ” Ҷамшед Маҳмадхонов иброз доштааст, ки дар асоси нақшаи таъмири неругоҳ  генераторҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда,  айни замон дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Сармуҳандиси НБО-и “Норак” Рустам Фозилов гуфт, ки оби обанбори НБО-и “Норак”  айни замон дар сатҳи максималӣ қарор дошта, дар фасли зимистони солҳои 2020-2021 сокинони мамлакатро бо барқ пурра таъмин менамояд.

Барчаспҳо:
мақомот, зимистон, фаъолият, НБО Норак, НБО, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ