12:13 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
276 0 0

Дар ноҳияи Мурғоб бо кумаки USAID ва ширкати “Помир Энерҷӣ” нерӯгоҳи нави офтобӣ сохт шуд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Мурғоб нерӯгоҳи нави офтобӣ, бо иқтидори 220 киловатт, ифтитоҳ ёфт, иттило додааст манбаъ аз ширкати “Помир Энерҷӣ”.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нерӯгоҳи нави офтобӣ калонтарин дар Тоҷикистон дониста шуда, дар нуқтаи аз ҳама баландтарини дунё ҷойгиршуда шудааст.

Нерӯгоҳи офтобии нав дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо USAID ва ширкати “Помир Энерҷӣ” сохта шуда ба истифода дода шудааст.

Гуфта шудаааст, ки тибқи дархости Вазорати энергетикаи ва захираҳои оби Тоҷикистон, USAID насб намудани нерӯгоҳро дар Мурғоб дастгирӣ намуд, то ки иқтидори нерӯгоҳи барқии “Тоҷикистон” (собиқ Оқсу) бо иқтидори 1,5 мегаватт, ки дар наздикии он ҷойгир шудааст, афзоиш бидиҳад ва нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба шабакаи барқии маҳаллӣ таҳвил бидиҳад.

Ноҳияи Мурғоб дар Помир ҷойгир шудааст ва яке аз баландтарин нуқтаҳои аҳолинишини дунё ба ҳисоб меравад.

Нерӯгоҳи офтобии нав дар Мурғоб дастрасӣ ба нерӯи барқ дар давоми рӯз то 50 фоиз зиёд хоҳад кард. 

Барчаспҳо:
ВМКБ, нерӯгоҳи офтобӣ, нерӯгоҳ, Мурғоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ