Зимистон фаро расид, аммо барқ нест: таъмири “Барқи тоҷик” кай ба анҷом мерасад?

© Sputnik Истаравшанские электрические сети
Истаравшанские электрические сети - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фасли зимистон фаро расид, аммо мушкили қатъи интиқоли нерӯи барқ дар навоҳии Тоҷикистон ҳамоно бартараф нашудааст

ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Сокинони навоҳии Тоҷикистон мегуянд, бо фарорасии фасли сармо, ҳамоно мушкили қатъкунии барқ ба манзилҳояшон аз сар гирифта нашудааст.

Беҳрӯз Раҳматуллоев як сокини ноҳияи Деваштич мегӯяд, дар рӯзи авввали фасли зимистон ҳам барқи манзили ӯву дигар ҳамсояҳояш хомӯш шудааст.

“Ба мисли рӯзҳои қаблӣ, имрӯз ҳам соати 8:00 барқ хомӯш шуд ва шояд акнун ба ҳамин шом соати 17:30 ё 18:00 меояд”, - гуфт Раҳматуллоев дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Сокинони дигар навоҳии Тоҷикистон низ аз қатъшавии барқ ба манзилҳояшон иброз мекунанд. Шокир Умаров як сокини ноҳияи Варзоб гуфт, бовар надошт, ки барқи хонааш қатъ мешавад, аммо алорағми интизориҳояш дар рӯзи аввали фасли зимистон барқ хомӯш карда шудааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини барқу гармӣ ба аҳолӣ

“Пештар хонда будем, ки то саршавии фасли зимистон барқ хомӯш карда мешавад. Имрӯз 1 декабр, яъне оғози фасли зимистон аст, аммо барқ нест”, -  гуфт ӯ.

Қатъи рӯзонаи интиқоли барқ дар саросари навоҳии Тоҷикистон аз аввали моҳи ноябр шурӯъ шуда ва то ба ин вақт давом дорад.

Масъули ширкати “Барқи тоҷик” рӯзона қатъ шудани интиқоли барқ дар навоҳии кишварро ба гузаронидани таъмири саросарии тирамоҳӣ дар зеристогоҳҳои барқинтиқолдиҳанда шарҳ дода гуфта буданд, ки ин кор ба хотири бе маҳдудият расонидани барқи хушсифат ба аҳолӣ дар фасли зимистон мебошад.

Тӯра Атамов, сардори Шабакаҳои барқии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби ба фасли тирамоҳ ба таъхир мондани таъмири хатҳои барқиро аз фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ дар давраи тобистон арзёбӣ карда буд.

“Агар дар фасли тобистон таъмир сурат мегирифт, киштзорҳо аз беобӣ талаф меёфт, чун ки ҳамаи пойгоҳҳои обкашӣ тавассути нерӯи барқ кор мекунанд”, - зикр намуд Атамов.

Муҳиддин Аҳмадзода, сармуҳандиси Шабакаҳои барқии шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳанӯз таъмири зеристогоҳҳо ва хатҳои ҳавоиибарқинтиқолдиҳанда ба анҷом нарасидааст ва аз ин сабаб барқ рӯзона хомӯш карда мешавад.

Солнечная печь, которого используют жители Бартанга для разогрева воды - Sputnik Тоҷикистон
Ба деҳоти Бартанги боло бори аввал нерӯи барқ расид

Аммо дар бораи ин, ки ингуна таъмир кай ба охир расонида мешавад, Аҳмадзода изҳори бехабарӣ кард, вале гуфт, ки “таъмир ва таъминоти барқро Хадамоти танзимгарии “Барқи тоҷик” муайян мекунад” Тибқи иттилои "Барқи тоҷик", тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-сентябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 6% коҳиш ёфта, ба 14 миллиарду 788 миллион киловатт соат расидааст.

Сокинон аз бебарқӣ мегуянд, масъулин аз таъмиру барқи хушсифат дар зимистон

Содироти нерӯи барқи Тоҷикистон низ дар ин давра ба андозаи 43,4 дарсад коҳиш ёфтааст. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи Ширкати давлатии "Барқи тоҷик" дар оғози моҳи ноябр сабаби қатъи барқ ба навоҳии мухталифи кишварро расман эълон намуда, гуфта буд, ки ин вазъ ба зудӣ поён хоҳад ёфт. Аммо бо гузашти як моҳ ва инак бо фарорасии фасли зимистон мақомоти “Барқи тоҷик” ҳамоно қатъкунии барқ ба манзили сокинон идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0